воскресенье, 18 апреля 2010 г.

Сабр талх омад.


Инсон аз азал фармонбардори ҳукми сарнавишт аст. Бо дарду алам , шодиву ғам тобовар. Зиндаги аҷаб оламест, ки агар барои иддае бо шодиву сурур бигзарад, барои қисме бе рангу бу ҷилва мекунад. Вале дар асл, ки инсон офарандаи сарнавишти хеш аст, ин ҳама таззодҳои зиндаги ба худи у бастаги доранд...Ва хушбахт шудану шурбахт шуданаш низ то андозае ба у вобаста аст.
Дар зер қиссаи рустодухтареро манзур мегардонам, ки аз муборизаҳо барои зиндаги ва аз талошҳо барои сабури нақл мекунад.

Марҳабо, духтари рустоии Суғди чун анъана ва аз руи урфу русуми тоҷикона баъд аз итмоми дабистон бо Баҳром ном чавони закию меҳнатдуст ва бомаърифат издивоҷ карда вориди олами чадиди хеш, ки номашро гузоштаанд "зиндагии мустақилона", мегардад.
Баҳром дар яке аз мактабҳои деҳа ба ҳайси омузгор фаолият мебурд,гарчанде музди корияш баҳри таъмини оила нокифоя буд, аммо шукронаи ҳамон пашизро намуда, заврақи рузгорашро ба пеш мебурд. Аз баски ҳаёти аксари мардуми деҳот аз чиҳҳати модди он қадар хуб нест, мардуми овораву меҳнатдуст маҷбур гашта барои дарёфти як бурида нон ва қути лоямут ба кишварҳои дурдасти олам баҳри дарёфти ризқ ҳичрат мекунанд.Сатҳи ҳаёти оилавии Баҳромино низ шадидан коста гашта уро водор мекунад то асбоби сафарашро омода намояд. Ҳамин тавр Баҳром озими сафар мешавад.
Бо рафтани шавҳарҳо ё сардори оила ба Русия ё дигар кишварҳо ба мардикори имрузҳо дар сари қудрати оила будани хушдоманҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бо рафтани Баҳорм ҳануз чанде нагузашта буд, ки мочарои "тозае" дар ҳаёти оилавии Марҳабо падидор мегардад. Ҳоло биёед бубинем, ки муҷиби сарзадани ин мочаро чи буда?
Модари Баҳром яъне хушдомани Марҳабо нисбати келинаш бадмуомила буд,уро бо чашми нафрат менигарист. Хушдоман на танҳо Марҳабо, балки аз  ду набераи хурдсолаш низ манфур буд. Аммо Марҳабои мо ҳеч вокунише нисбати ин ноадолатиҳо нишон намедод, ки анмедод. Кори рузгор, пухтупаз, шустану руфтан,нигоҳубини гову мол-ҳама ба уҳдаи бечора Марҳабо буд.
Вале ҳаёт аз муборизаҳо холи нест. Бо вуҷуди ин ҳама шиканчаҳову нафратҳо Марҳабо ҳамвора бар алайҳи чунин таззодҳои зиндаги ва рафторҳои хушдоманашбо руҳияи қави мардона мубориза мебурд. Аммо муборизаи тан ба тан на,балки мубориза барои даст ёфтан ба маснади сабури ва шикебои. Қобил ба зикр аст, ки яке аз хислатҳои хубу ҳасанаи инсони, ки Марҳабо дошт,ин ҳамоно сабури ва устуворист.У воқеан собир буд ва аз мушкилиҳо ҳеч ҳаросе надошт. Зеро медонист, ки агар инсон ба муқобили мушкилиҳо истодагари нанамояд ҳеч мушкили дигареро наметавонад бартараф намояд. Бо чунин андешаву мақсад пеш мерафт. У ду кудакашро ҳам падар буду ҳам модар. Ҳаргиз намегузошт,ки онҳо эҳсоси бепадари кунанд,ҳарчанд эҳсос мекард , ки фарзандонаш муштоқи оғушу дидори падаранд...
Дар ин лаҳзаҳое, ки Марҳабо гирифтор буд, оё Баҳром дар кучо буду ба у рузҳо чун мегузашт?  Баҳром дар кучаҳои сарди Руссия аз паи кор буд, мисли ҳазорон муҳоҷири овора, мисли ҳазорон падарони дур аз фарзанди нури дида, мисли ҳазорон точикони аз Ватан берунбуда...Аммо у гоҳ гоҳе тавассути телефон аз ҳоли ҳамагон воқиф мешуд ва маблағи каме ҳам ирсол мекард. Аммо Марҳабо ҳеч гоҳ лаб аз шиква боз намекард ва ба шавҳараш чизе намегуфт, чун медонист, ҳама чи гузаранда аст.
Қалби сиёҳи хушдоман аз оташи кинаву нафрату ғазаб месухт.
Муҷиби Марҳаборо нафрат доштани хушдоман ин буд, ки у намехост аз ҳамон аввал Марҳабо келини у шавад, чун Марҳабо аз оилаи нодор буд ва Баҳром уро бо хоҳиши худаш ва нимрозигии модараш ба аруси гирифта буд. Ва ин буд муҷиби нафрати хушдоман аз келинаш, яъне ин чо фосилаҳост миёни доро ва нодор...!
Аз чунин зиндагии пурдард осиёи умр ба муйҳои мушкини Марҳабо гарди сафед пошид. Аз носозгории ҳаёти оилави алакай у ба ғам печида шуда, шабу руз ҳамсари дидадуру дилсузашро нигарон буду чашминтизор. Бечора Марҳабо, шабона ҳине, ки  кудаконашро бо аллаи руҳафзои модарона хоб менамуд, оҳиста-оҳиста ва дарун-дарун ашк мерехт, дар холе, ки борон пушти панҷара ғамшарики сиришки талхи у буд. Гиряи у чун гиряҳои садҳо модарон садо надошт. Ашки у аз абри дил меборид...
Ҳикмати ҳама чи мегузарад, воқеан саҳеҳ аст. Шоми фироқ ҳам сипари гашту субҳи  висол тулуъ кард. Ғурбати Баҳром ҳам сар омаду "Юсуфи гумгашта" боз ба оғуши хонаводаи хеш пайваст. Дубора байтулҳазани Марҳабо табдил ба байтулшараф гардид. Омадани Баҳром баъди зиёда аз як сол рузи туйро мемонд. Баҳром аз нахустин рузҳои оворагардияш  ва бекор будану азобҳояш дар чоддаҳои сардолудаи Руссия қисса мекард ва Марҳабо чун кудаке пои суҳбати у нишаста бо диққат гуш медод қиссаи уро. Модарон дили бузурги бахшанда доранд. Модари Баҳром чун азобу уқубат, гушнагию бепаноҳи ва бо мушкили ба даст овардани маблағро аз писараш мешунавад, саросемавор аз ҷояш бархоста, Баҳромро ба оғуши меҳр кашида борону бусаро бар рую муйи у рехт ва ошкоро аз муносибате, ки бо келинаш дошт, сахт пушаймон шуду сахт гирист. Ва аз писару келинаш талаби қабули узру маъзарат намуд.
Аз миён солҳо сипари шуданд ва ҳоло бошад Баҳрому Марҳобо-хола соҳиби наберагони дуструяк гашта, бо хурсанди зиндаги доранд.
Бубинед каҳрамони мо то чи андоза сарзанишу нобаробариҳоро таҳаммул намуда бо руҳияи қави ва умеди устувор мубориза бурдааст. Ҳаёти Марҳабомонандро шумори зиёди модарони тоҷик аз чумла модарони рустои аз сар гузаронида ва аз сар мегузаронанд. Афсус, имруз дар ҷомеа чунин занҳову модарон ангушшуморанд. Магар онҳо намедонанд, ки асоси ин ҳама ҷудои,вайроншавии ҳаёти оилави ва дигар нобаробарию камбудиҳо аз ноустуворию ҳамдигарнофаҳмии занони имруза вобаста аст?
Дар фарчом бо овардани мисрае аз шоир,ки навиштори хешро ба анчом мерасонам:

Сабр талх омад, валекин оқибат
Меваи ширин диҳад, пурманфиат


0 Гуфтание бошад, бифармо!:

Соат ва санад бо вакти Хучанд