пятница, 16 апреля 2010 г.

Боз як торнигори точики милод ёфт!!

Имрузҳо агар ба олами Интернету васоити ахбории он ру орем, мушоҳида хоҳем кард, ки имруз дар фазои иттилоотию фароғати ва мушкилкушоию ҳақиқатнигории шабакаи ҷaҳонии Интернет гардонандаҳои торнигорҳои тоҷикӣ руз аз руз рушд мекунаду пеш меравад.Ва теъдоди ин зумра касон афзоиш меёбад.Воқеан агар ба 8-9 соли мози назар андозем хуб хоҳем дид, ки касе аз рузноманигорони тоҷик соҳиби торнигор набуд, шояд буд ,аммо ангуштнамо ва бидуни шуҳрат.
Аммо имруз бошад торнигористони тоҷик доман мегустурад ва руз анадр руз аъзоҳои ҷадиде вориди ин майдон мешаванд. Чанде пеш, аниктараш 3 руз кабл дар фазои торнигорисотни точик боз як сомонаи точики милод ёфт.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов устоди Донишгоҳи байналмилаллии исломии Исломобод (www.iiu.edu.pk) ва номзади улум (дараҷаи дуктуро) дар риштаи Адёни Ҷахон (Comparative Religion) ҳаст. 3-юми марти соли 1976 дар яке аз деҳоти вилояти Қурғонтеппа (феълан Хатлон) дар хонаи сатҳи миёна ва диндор мутаваллид шуда аст. Феьлан огои Махмудчон дар шахри Исломободи Покистон кору фаолият дорад. Албатта хадафу касди хар як блоггер мухталиф аст, агар яке барои расонидани ахбору маьлумотхо сомона зозмон дихад, дигаре барои тафреху фарогат ва сеюми барои навишстанро чузьи табии табиати хеш медонад.Огои Махмудчон аз табори сеюминхост,ки бо созмони ин торнигор касд дорад то бо фикру андешахои рузмарраи хеш бо мардумони гуногун ва хонандагони торнигорхои точики шарик бошад.У маводхои мехондагии хешро,ки бо забонхои мухталиф мебошанд,тарчума намуда барои хонандаи точик пешкаш менамояд. Аз хаёти точикони Исломобод барои мо менависад,аз муваффакиятхо, хамкорихо,муносибот ва гайра.Новобаста аз пуркорию дармондаги ва иштоғолоти зиндаги муассисони торнигорҳои тоҷик ҳамвора мекушанд, ки дар саҳафоти "китоби" худ мушкилоту камбудиҳо , дардҳову ранҷҳо, инчунин дар баробари ин ҳама пешравию дастовардҳоро иникос бикунанд. Ва торнигорию хидмати иттилорасониро як ҷузе аз кору фаолияту зиндагии хеш гардонида баҳри ҳам пешрафти кишвар ва ҳам мутаъли сохтани миллат саҳми боризе мугузоранд.
Дар ин рости ба дусти донишманди худ огои Махмудчон тавфику барор мехохам ва дар рушани андохтани баьзе мавзухо ба ишон тавфикро орзумандам.
Лутфан барои дидани навиштахои Махмудчон ин чо клик фармоед.

0 Гуфтание бошад, бифармо!:

Соат ва санад бо вакти Хучанд