четверг, 4 ноября 2010 г.

Худкуши аз нигохи Ислом


Дар ин макола роким талош мекунад то падидаи худкуширо танхо аз диду зовияи Ислом бо овардани чанд чумлае барраси намуда назари ислом ба ин амалро матрах намояд. Албатта ин нигошта гунчоиши тамоми пахлухоро надорад. Холо он, ки ин падидаро бояд аз хама дидгох, аз назари равоншиноси, ичтимои, хонаводаги, иктисоди, конуни, исломи ва гайрахо барраси намуд, аммо ин навбат танхо махдуд мешавем ба назари ислом дар ин бобат. Ва ба навбат дар оянда ба дигар пахлухои он хохем пардохт. Бояд зикр намуд ,ки дар ин навиштор хамчунин дунболи омор намеравем ва танхо назару диди ходимони дин ва худи исломро руи сахфа меоварем.
Хамчунин лозим ба ёдоварист, ки дар хамон чое, ки инсон вучуд дорад ва зиндаги мекунад, пас мантикан дар ончо хатман ин рафтор ё падидаи номатлуби инсони вучуд дошта метавонад. Хуб нахустин суоле, ки бояд пурсида бишавад ин аст, ки инсон дар чи холоте даст ба худкуши мезанад? Хуб, тибки сарчашмахо маъмулан фард дар зиндаги хангоме даст ба худкуши мезанад, ки дигар умеде надошта бошад ва рохи халле барои мушкили дар пешдоштаи худ намебинад ва онгох ягона ва ангор ба гуфти худаш осонтарин рохи халоси аз ин вартаро дар хамин падида меёбад.


Дини мубини Ислом ин икдоми худкуширо амали харом ва зишт шумурда аст ва оёти куръони ва аходиси набави бар зишти ва нодуруст будани ин амал далолат мекунанд. Дар бисёре аз адёни мухталифи чахон худкуши рафтори гунохомез ва мамнуъ ва дар натича харом эмълом шуда ва ин омилест, ки афродро аз даст задан ба ин амал боз медорад. Дар Куръони шариф чунин ояе дар сураи мубораки Нисо мазкур аст:

“Ва худатонро макушед, Худованд нисбат ба Шумо мехрубон аст ва хар ки ин амалро аз руи тачовуз ва ситам анчом дихад ба зуди уро дар оташ ворид хохем сохт ва ин кор барои худо осон мебошад.”

Дини мубини ислом ин амали худкуширо махкум мекунад ва чазои шахси ба ин амал дастзада аз чониби Парвардигор дузах асту чаханнам. Ислом ба ин падида хамон тавре, ки зикр намудем бо диди манфи менигарад. Ва ин амали худкуши нофармони ва сарпечи аз дастуроти Худо аст ва касе, ки дастури худоро нодида пиндорад ва даст ба худкуши бубарад, пас бешак ба азоби Худо гирифтор хохад шуд. Аз нигохи ислом худкуши далел бар адами яъс ва ноумед шудан аз Худо мебошад ва ноумеди аз Худованд бузургтарини гунохон аст, ки дар радифи ширк ва куфр карор мегирад.

Хазрати Мухаммад (с/с) дар чое мегуянд:

” Он, ки худро бикушад хештанро дар оташи чаханнам куштааст ва он, ки бо найза худкуши мекунад дар оташи чаханнам аст”

Чомеашинос ва мухаккики саршиноси точик Маликнеъмат гуфтахои фавкро тасдик намуда чунин мешуморад, ки худкуши аз назари ислом кабул нест. Инсон ба ихтиёри худ ба олам наомадааст ва хамчунин ба ихтиёри худ рафтан, ин саркаши ва киём алайхи сунъи худост.

Пас ба гуфти Хофиз бояд бигуем, ки:

Ман ба худ но-мадам ин чо, ки зи худ боз равам

Он, ки овард маро боз барад бар ватанам.

Равишхои худкуши хеле зиёданд ва метавон чанде аз онхоро зикр намуд, ки имруз дар хама чавомеи чахони метавон бо онхо бархурд кард. Ба унвони мисол метавон халковези кардан, парриш аз иртифоъ, гарккуни, сузондан, буридани рагхо, беш аз андоза дору хурдан, захр хурдан ва гайрахоро ном бурд, ки имруз боиси нигаронии чомеаи чахони гаштааст.

Зиндаги, ва хама он чизе, ки дар дохили он аст, баъзан инсонро бо мушкилоте рубару мекунад, ки инсон кодир ба гушодани ин гирех нест ва як навъ падидаи яъсу дилсарди ба у хамла мекунад. Аслан хамин падидаи ноумеди аз бузургтарин гунохон махсуб меёбад ва набояд аз зиндаги ноумеду дилшикаста гашт ва маъмулан он афроде, ки даст ба худкуши мезананд аз чумлаи нафарони ноумедгашта аз хаётанд. Бояд ба даргохи рахмати Худованд такя кард ва набояд хаёт , ки арзиши волои инсон аз суи Худостро тачовуз кард. Ё бояд дар ин холоти афсурдаги ва парешони бо бузургоне мурочиат кард ва насихатхо гирифт. Хамчунин дар нигохи Ислом ва хама адёни чахон аз он чо ки Худованди Манон холики инсон аст ва тамоми ин хастии мо аз Уст, хеч касе на хаки куштани дигареро дорад ва на хаки куштани худро. Чун хаёт, зиндаги мухаббату ишки худованди аст ва он касе, ки ин арзишро тачовуз мекунад аз гунахкорон махсуб мешавад. Хар кас бояд бо чунин бовар, ки хаёт амонати Худост ва хиёнат бар ин амонат аз назари чи аклу, чи ахлоку чи худи хамин Ислом чинояти гайрикобили бахшиш мебошад. Ва ин падидаи номатлубе, ки мо онро худкуши меномем навъе ихонату хиёнат ба худованди мутаол аст ва онро гунохи нобахшидани мешуморанд. Чун танхо худованд аст, ки хаётбахш аст ва хамчунин танхо уст, ки хаётро поён мебахшад, пас дар хакикат поён бахшидани хаёт аз чониби инсонхо гунохест кабиру нобахшидани.

Пайнавишт

Куръон, сураи Нисо, ояи 29–30

0 Гуфтание бошад, бифармо!:

Соат ва санад бо вакти Хучанд