воскресенье, 27 ноября 2011 г.

Китоби нави Ҳуҷҷаттулоҳи Аюби

            Чанде пеш нашриёти "Меъроҷ"-и шаҳри Хуҷанд китоби раиси муаассисаи фарҳангии ЭКО доктор Ҳуҷҷаттулоҳи Аюби таҳти унвони  "Сиёсатгузории фарҳанги дар Фаронса: давлат ва ҳунар"-ро бо баргардонии муҳаққиқ ва намояндаи Тоҷикистон дар ин муассиса Шоҳмансури Шоҳмирзо ба табъ расонид.
            Китоби мазкур хонандагонро бо ҷараёни шаклгирии сиёсатгузориҳои фарҳанги дар Фаронса, ки имруз яке аз қутбҳои фарҳангии ҷаҳон маҳсуб мешавад, ошно менамояд.
            Муқаддимаи китоби мазкур ба калами Жан Клод Карер мутаалиқ аст,ки мегуяд.Тибқи навиштаи Карер нигорандаи ин китоб доктор Аюби бо ҳунар ва фарҳанги Фаронса хуб ошнои дошта ва бо руйкарди илми ва таҳлили роҳи пурфарозу фуруд,вале ҳамчунон нотамоми фаронсавиҳоро барои посухҳои илми  нишон додааст.
            Доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюби соли 1962 дар Мозандарони Эрон таваллуд шудааст. Вай фавқуллисонси маорифи исломи ва улуми сиёсиро аз донишгоҳҳои Имом Содиқ (а)-и Эрон ва Донишгоҳи Лиюн-2-и Фаронса дарёфт намуда бо забонҳои фаронсави, араби ва англиси ошноии комил дорад.
            Лозим ба зикр аст ки доктор Аюби аз соли 2009 раиси муассисаи фарҳангии ЭКО мебошад.

0 Гуфтание бошад, бифармо!:

Соат ва санад бо вакти Хучанд