вторник, 6 декабря 2011 г.

Гавҳаре, ки дурахшид.

Овозаи консерт додани Субҳони Саид қарорамро бурд ва занг задам ба ташкилкунандагони консерт бо рақами дар эълон нишондодашуда. Афсус хўрданду ҷавобам доданд, ки даъватномаҳо ҳама тақсим шудаанду дигар имкони шуморо даъват кардан надорем. Хуб, тасмим гирифтам меравам ва рост истода тамошо мекунам, зеро пазмони чеҳра ва садои Субҳон шуда будам.
Русҳо мақоле доранд : «Мир не без добрых людей» яъне ҷаҳон бе одамони нек нест. Шоми пеш аз рўзи баргузории консерт бародари азизам Саидҳомид занг зада пурсид, ки фардо ба консери Субҳон меравам? Дарҳол гуфтам, ки агар то фардо зинда бошам, албатта меравам ва азми қавӣ дорам, лекин даъватнома надорам. Гуфт, паси кор нагард, ки ман дар даст бароят даъватнома дорам, яъне меравем.

Соат ҳанўз 12 нашуда назди бинои филармония омадем. ВАҲ! Чанд муддат буд, ки чунин саҳнаро надида будам. Ҳама дар даву този ба бино даромадан, аммо масъулини консерт аз ҳама узрхоҳона хоҳиш мекарданд, ки ворид шудан танҳо бо даъватнома асту дар толор ҷойи нишаст намондааст. Чун ба дарҳои асосӣ имкони наздик омадан набуд, рафтем ҷониби даре, ки аз он кормандони ин қаср ворид мешаванд, яъне дармадгоҳи хидматӣ. Онҷо низ чунин аҳвол буд ва ҳама ба ҳамдигар шинос буданду илтиҷо мекарданд, ки дароянд. Аммо… мо даромадему ба дигарон кор надорем.
            Дар вақти муайян, соати 13 мусиқии дилнавози даъватие садо доду барандаҳо- хонуми баландқомати аврупоипўшу гўяндаи радиои «Ватан» Субҳони Ҷалил пештоқи саҳна омаданд. Здравствуйте, гуфт хонум. Он шукуҳу шаҳомату орзуи дидани Субҳону консерт мисле, ки тарбузам аз бағал афтода бошад, ҳама фурў пошид ва табъи хира насибам гардиду иштиҳои консерт аз машомам рафт. Боз аз пешонаи шурам гузашт талошҳои ду даҳсолаи миллат барои пойдор крдани забони давлатӣ. Чанд зане, ки пушти қатори мо менишастанд аз миниюбкаи тангу ранги сурхи баланду почакони дарози лайлакмонанди урён миш-миш карда гуфтанду хандиданд ва Субҳони Саид, ки паси ин барандаҳо менишаст дар паси «юбка» монд. Пас аз суханҳояшро тамом кардани хонум Субҳони Ҷалил лаҷоми гапро ба даст гирифту аз коғази дасташ хонд ва маълум гашт, ки консерт бо ибитикори Роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ Хуршеди Атовулло, радиои «Ватан» ва Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз рўи барномаи мубориза алайҳи нашъамандӣ ташкил карда шудааст. Ташаккур ба ҳамаи мададрасонҳою ташкилкунандагон.
            Бисёр гуворо буд, ки Субҳони Саид муаррифӣ шуд ва гуфта шуд, ки дар ҷанги тан ба тан бо вабои асри XX нашъамандӣ ғолиб омадаасту имрўз бо вуҷуди аз пой маҳрум гаштан ба зону рўи саҳна омадааст. Мо низ гуфтем , Аҳсант Субҳон.
Чун суруд оғоз кард ту гўи: «Рўдакӣ чанг бигрифту навохт, бода андоз, ки ў суруд андохт». Оре Субҳоне буд, ки агарчи аз ҷисми ў чизе кам шудааст вале аз ҳунари худододаш мўе кам нагаштааст.Толорро садои марғуладораш пур кард ва акнун дар сурудҳои баъди давраи лаззат бурдан сар мешуд, ки… Ана ин боз нобахшиданист.
Эълон карданд, ки ҳозир ба саҳна гурўҳе мебарояд, ки дар Москва баромад карду мавриди танқид қарор гирифту баъдан ким ки узр хосту ва ғайра… хулоса «Парем». Хуб ҳама чиз, хусусан саҳна қоида дорад ва рўй гардонидан аз он пушти сари тамошобин шаллоқ задан аст. Панҷ нафар гиторбадаст диккак зада саҳна баромаданду ба ҷойи он, ки ба Субҳони Саид ба қавле соҳиби саҳнаю ин базм, салом диҳанд, ўро пушт гузоштаю паридаю ҷаҳида суруди копишудаи хориҷиро доду фарёд карданд, ва чун ин суруд анҷом ёфт мардум ба хотири эҳтиром каме қарсак заданд, иии… поехали сар шудее… як, ду, се, чор ҳарчанд тамошобинон ҳуштак кашидаю дод мегуфтанд, ки равед аз саҳна ин паремиҳо бо ҳамон сурудҳои обшустаи куҳнаи аз забонмонда худро намоиш медоданд. Яъне соати пиар расида буду аз ҳисоби номи Субҳон бо фанераашон худнамоӣ мекарданд. Ин айби гурўҳ не, айби калони когардон ё нафари масъуле буд, ки ҷомаи беқасабро мехост бо пораи матои кўҳнаи чиркини сиёҳе дарбанд кунад. Начаспид, ки начаспид.
Ва ҳамин тариқ сухан ба шогирдон дода шуд ва хуш буд, ки ҳар кадоме рўи саҳна меомад, албатта миннатдорӣ аз устоди азиз мекарду суруде хонда табрик мегуфт ва то навбат ба Бахтиёр расид. Ҷавони оқил, доно ва воқеан ҳунарманди асил будани Бахтиёр маълум шуд, Худо умрашро дароз кунад. Гуфт -хаёл мекунам ҳамаи мо барои шунидани садои устоди бузургвор омадем ва ман намесароям, аммо мегўям як лаҳза ҳам бошад, Субҳони Саид сарояд, зеро мо ҳама пазмони овози устод ҳастем. Толор нидои бале дод. Лифофае, ки шояд дарунаш маблағе дошт, ба дасти Субҳон часпонду ўро бусиду чор мисра то ба баранда боздодани микрофон сароид, ки толор ба ваҷд омад. Офарин Бахтиёр, ки саҳнаро дида толорро ҳис карда, рафтор кардӣ вагарна паремвор аз саҳна ронда мешудӣ. Ҳамин тариқ, дигар шогирдону дўстон рўи саҳна мешуданду Субҳон бо ҷигарбандон ва оркестри «Гулшан» ҳунарнамоӣ мекард то он даме, ки дастаи ҳунарии рақсии «Ҷаҳоноро» рўи саҳна омад ва боз табъҳо хира.
Рақс баёнгари эҳсос аст. Рақс мардум аст, миллат аст, рақс шўҳрат асту роҳат. Мо сари сифати рақс чизе намегўем, ҳол он, ки гуфтаниҳо зиёд аст, аммо оид ба либоси интихоб намудаи ин номера хомўш набояд шишт. Рақси тоҷикӣ то имрўз бо либоси ҳариру доману остин шўҳрат дошту дорад. Поҷома ё эзор низ як атрибути ҳатмии рақси тоҷикӣ ҳисоб мешавад. Мутаассифона рақсе, ки гурўҳи «Ҷаҳоноро» рафт куртаи тоҷикӣ дошту поҷомааш набуд. Ҳол он, ки рақс пурра аз даврзанӣ иборат буду ҳам раққосае, ки якка мерафту ҳам дигар рақоссаҳо ҳама зиёд чарх мезаданд ва доманҳои бардошта пойҳои урёнро намоиш медод, ки дилхарошу таҳқиромез ба назар мерасид. Ку назокат, ку латофат ва куҷо шуда ҳаёи шарқиёнаи рақси момоӣ? Бонги хатар мезанам аз он, ки консерте, ки интизораш будем бо забони бегонае шурўъ шуду рақсе, ки бояд ба суруд ҳусн мебахшид бо почакҳои урён сурудро кушту завқро зиқ кард.
Ҳар касе дар ҳунар мехоҳад навигарие намояду номаш ва унвонаш баланд гардад хуб аст, лекин ин ҳама навгонӣ бояд дар доираи тафаккури ҷомеа ва услуби хоса сурат гирад. Куртаи рақсии тоҷикӣ бо поҷомааш зебост. Агар ин рақси беэзор молдаванӣ, русӣ, итолиёи ва ё дигаре мешуд, ки раққосаҳо аз нишон додани ронҳояшон публикаро ба ваҷд меоранд, мо низ лаб мебастем ва мегўям, ки ин навигарӣ нест балки разврат аст, ки дар санъати рақсии тоҷик ворид мегардад.
Балейтместер ва басаҳнагузорандаҳо! Напиндоред, ки ин ҳамаро фақат шумо мефаҳмед, мо ҷомеа ҳастем ва миллати тоҷикем, ки аз илму ҳунар каме ҳам бошад бархурдорем ва посдорандаи ин ҳама назокату зебогии миллат ҳастем ва мегўем поҷомаро ба рақсҳои милӣ баргардонед, зеро дар чунин консертҳо эҳтиёҷ ба стриптиз нест.
Консерт бо вуҷуди аз ҷиҳати касбияти саҳнагузорӣ ба таҳиягар зарурат дошт, бо вуҷуд қисми охири консерт хотирмон шуд. Субҳони Саид чанд сурудро воқеан сароид ва ба саволҳои мухлисон дар режими онлайни радиои «Ватан» бо Субҳони Ҷалил ҷавоб дод. Ҳол он, ки ҳеҷ зарурате ба саволу ҷавоб набуд, зеро ин консерт буд. Фаромўш набояд кард, ки консертро барои он баргузор мекунанд, ки тамошобин барои дидани ҳунарманд биёяд ва лаззат барад. Ногуфта намонад, вақте «Парем»-иҳо сароиданро сар карданд чанд нафар аз қатори мо толорро тарк карданд ва чанд нафари дигар ҳини саволу ҷавоб бо нигоҳи ҳазине, ки маънии  «ҳамин ҳам гап шуд»-ро дошт берун шуданд. Ин ҳама гуфтаҳо барои он аст, ки эълон шуд то ба қарибие боз як консерти Субҳони Саид баргузор шавад. Модоме, ки чунин аст, бигзор таҳиягари воқеан донишманде консертро саҳнагузорӣ кунад, камҳунароне аз номи Субҳон истифода карда рўи саҳна наоянд, ҳарчанд медонем, ки «Кто платить тот слушает музыку». Бигзор консерт 3 соат не, кам аз 2 соат бошад, вале пурмазмун, бо маърифати баланд ва дараҷаи касбӣ сурат гирад.
Ташкилкунандагон! Илтимос, дар даъватнома ё билетҳои консерти баргузормешуда таъкид намоед, ки кўдакони ширмак ва аз пушти бибию момою оча кашола шуда омада, ба консерт роҳ дода намешаванд. Тавре дидем хонуме, ки консертро здравствуйте гуфта кушода буд, дар 10 дақиқаи аввали консерт бо кўдаки дар бағал хоббурда аз назди мо гузашт ва ба давоми консерт кораш набуд. Ин гуна ташкили консерт таҳқир аст ба мухлисон ва тамошобинону ҳунарманд. Боқӣ саломат бошед.
PS: Дар садо ва мусиқӣ ва ҳунари Субҳони Саид гап нест, аммо ташкили консерт хело таҷдидталаб буд.
Мо омадаем, ки ба ҳунар мафтун шавем, ба ҳунари баранда, гўянда, навозанда, мухлису сароянда ва маданияти қабулу толоророӣ. Агарчи дар оғоз назди тахти Субҳон ва атрофи саҳна гулҳои сунъи «кошта» буданд, вале то поёни консерт мухлисон аз гулҳои зинда барои Субҳони Саид рўйи саҳна гулистон оростанд. Ин ҳам рамз буд, рамзи муҳаббати мардум ба санъати баланд ва ҳунари воло. Зинда бош, марди ҳунар ва ғолиби ҷанги тан ба тан бо зиндагӣ Субҳони Саид.
Ба назар расид, ки гавҳари гумшудае буду дурахшид, аммо ҷилояшро халалдор карданд.

Муҳаммадюсуфи Шодӣ. Ҳунарманд, рўзноманигор  



0 Гуфтание бошад, бифармо!:

Соат ва санад бо вакти Хучанд