Ёддоштхо

Дар зер ёддоштхое,ки хангоми дар Амрико навиштаамро манзур мегардонам,бояд кайд,ки ин навиштор аслан бидуни тахрир аст ва дар кучаву истгоххо,дар рестурону поркхо ва амсоли ин чойхо навишта шуда.Бино бар хамин каблан барои мувоччех шуданатон бо иштибохоту камбудихо дар ин навиштор арзи маьзарат мекунам.

Имруз 7-ми августи соли 2007, соат ба вакти махалии Амрико 9:01-и субхи рузи Сешанберо нишон медихад.Мо макони зист, ки Плошеа  ном дорадро охиста-охиста тарк карда истодаем. Бояд бигуям, ки пас аз лагери тобистона  мо хамаи волонтиёрхо зиёда аз се хафта истирохат дорем ва мо хаме якчоя тасмиму карор гирифтем, ки ин муддатро ба сафару саёхат ба гирду атрофи Амрико бигузаронем.Ин сафар албатта бо максади саёхати тафрехи ва ошнои бо  якчанд иёлати Амрико, аз чумла Нию Ёрк, Массачусеттс, Чеорчия, Пенсилвания, Флорида, Нию Черси, Вирчиниё, Нию Хемше ва дигархо, ки фарогири такрибан 23-24 руз мебошад.Дар сафар маро хамрохи мекунанд:Кристофф, Анна, Роза аз Олмон ва Гонча аз Туркиё. Хама шоду мамнунем ва хавои шахри мо хам офтобист.Дар болои сар анвори чонбахши хуршеди шахри мо атрофро мунаввар карда истодааст.
         Албатта ин сафар фатхи тачрибахо,чойхои мухталифи дидани, одамони мухталиф, бо кору зиндагии мардум ва шиносои бо бисёр чойхои чолиби ин кишвари афсонавист.
Вокеан Амрико кишварест, дорои чойхои зебову дилрабо ва яке аз хушманзаратарин нуктаи чахон аст
 Холо, ки соат 9:40 дакикаро нишон медихад, мо алакай ба   рох баромадаем ва ба тадрич аз шахраки Питебороу мегузарем.Бояд бигуям, ки ман дар ин шахр каблан будаам ва маълумот е хам медонам перомунаш.Холо нуктае чанд рочеъ ба ин шахрак.Питербороу

шахракест дар иёлати Нию Хемше, ки тибки маълумоти соли 2005 дорои ахолии 6.134 буда, масохати умумияш98.7 к2  мебошад.Рости ман маъмулан ба ин шахрак тавассути велосипед низ меомадам.Аз махали зисти ман бо мошин хамаги 20 дакика рох аст.Китобфурушгохи хубе дорад, ки метавон кутуби шаркиёнаро дар ин чо ба осони пайдо кард ва хонд.Ман осори Хофиз, Саъди, Руми ва дигар мутафаккирони давлатхои Шаркро дар ин чо дидаам ва хатто харидаам.Шахри хеле ором аст,инсонхои чурочур зиндаги мекунанд.Дар бораи нажоди инсони бошад, хаминро метавонам зикр намоям, ки  одамони сафеди гайри испони 96.4%, худи испонихо 0.8%, дигар осиёихо 0.7 % ва сиёхпустхо 0.6%-ро ташкил мекунанд.Ин шахр вокеан сердарахт аст ва тибки маълумот инчо каблан чангал будааст.Хуб, ба тамошову назора овора гашта, ба шахраки дигари ин иёлат яъне Дублин омада расидем.
Дублин на он кадар калон аст,аммо мисли як шахрак менамояд, шояд мисли Хучанд  бошад.Ман чанд маротиба ба ин чо бахри тамошои синамо ва харид омада будам.Дар ин чо хар хафта намоиши филмхои классики ва фаронсави ба махзари тамошо гузошта мешавад, ки вуруд ба ин синамоклубхо комилан бепул аст ва бошандахои ин шахрак одатан охири хар хафтае пас аз кору борашон ба инчо омада филмхои чолибро тамошо мекунанд.Дар бораи ин шахрак дигар чизе намедонам.Дар андешаву тахаюлоте гарк будам, ки якбора Гонча ба ман  башорати вуруд ба шахри Кинро расонид.Бале холо  дар руи хиёбонхои ин шахр мошини мо меронад. Дар холе ки дар Питебороу хаво гарму офтоби буд, дар ин чо хаво салкин ва осмонашро анбухи абрхои хокистари фаро гирифтаанд.Хотирнишон намудан ба маврид аст, ки ба инчо низ маротибае мехмон будаам.Чун инчо будаам, пас чизе бояд доираш бидонам ва бигуям.Бо ичозати шумо нуктае чанд изхор
менамоям. Намуди зохири ин шахр хеле зебост, кариб хамаи бинохову хонахои истикоматии ин макон аз хишти сурх пушида шудаанд, ангор мусаввире рангу борашон карда.Кин нисбати Питебороу хеле калон аст.Ахолияш бар асоси асноди соли 2005 23.023 ва масохаташ 97.3 км 2 аст. Кин дар резишгохи руди Ашуелот вокеъ аст.Кин дар кисми шаркии Амрикост.Иклимаш хуб яъне тобистонаш  хеле гарму сузон будааст ва харорати миёна дар мохи июл 82 дарача будааст.Зимистонаш хеле хунук будааст.Мардуми Кин сахттарин зимистонхоро солхои 2002--2003 гузаронидаанд.Ин шахр шомили 20 калисо ва 2 калисои католикии Рими мебошад.Тибки маълумот хар сол мохи октябр дар Кин Фестивали кадухо "Festival Pumpkin" баргузор мегардад.Ва инчунин хар сол аз мохи август то Сентябр Фестивали мусикиву савту наво доир мегардад, ки дар кучаву хиёбонхо баргузор гардида бахри фарогату осудахолии мардуми шахр ройгон сурат мегирад.
Хуб, агар ба соати дохили мошин назар намоем соат 11:07- и субхро нишон медихад ва мо охиста-охиста аз Кин  баромада истодаем.Масири Кин мошини моро ба шахри дигар яъне ба Вермонт овард.дар ин шахр хам каблан будаам ва яке аз дустонам бо номи Тамар ки аз Изроил омада буд, дар инчо икомат менамуд.Тамар духтари зираку бохушу гуш ва донандаи хуби хунари тирпарони мебошад.У хар хафта ба макони истикоамти мо меомад ва мо хаме якчоя мошинеро ба ичора мегирифтему ба тамошои атроф мебаромадем. Ман хамрохи Гонча ва Роза 2 мох кабл ба инчо ба супермаркети Уол Март омада будем ва дар кафе-ресторани  Мак Доналдс нахор хурда будем.Гуфтан ба маврид аст, ки дар хар кадамчой Мак Доналдс барин кафе-ресторанхоро дучор омадан мумкин.Сифати гамбургеру хот-догу дигар бургерхо ва низои хизматрасони дар ин хурокхонахо нисбатан хуб буда,арзон хам аст.Хар як кафе-ресторанхо дорои хочатхонахои махсус хастанд, ки корбурдашон ройгон буда, тозаву озода ва бо навтарин тачхизотхои хозиразамон мучахозонида шудаанд.Масалан баъди ин ки даст мешуем хатман дасмоле лозим ки дасти хисамонро хушк намоем,аммо дар ин ё дастгохи баркии махсуси "Хушккун-поккун" амал мекунад, ки хеч дастмоле лозим нест. Як чизро бигуям, ки Амрико хеч чиз надошта бошад хам, аммо роху хиёбон дорад. Роххо бо афсалти хуб пушида шуда хеле хамворанд. Боз хам гаркоби андешаву диданихо будам, ки ин бор Анна чанд будани соатро аз ман ки дар чилави ронанда Кристоф карор доштам,пурсид.Соат 13:16-и баъд аз зухрро нишон медод.Инбор пас аз соате ба шахри зебову дидани ва бахории Срингфилд омадем.Ин шахр шомили иёлати Массачусеттс аст.Чун вориди ин шахр гаштем ба маркази шахр рафта дар гушае мошинро нигах доштем.Гушнаги тахдид мекард моро. Шитофтем ба кафе-ресторани Мак Доналдс. Пас аз хурдану ошомидан ба тамошои атрофи ин шахр баромдем. Хуб каме оддошт перомуни Спрингфиелд. Ин шахр сеюмин шахри калони Массачусеттс ва чахорумин шахри калони Англияи нав махсуб меёбад.Ду ном дорад ё бо ду ном мешиносандаш. Яке "Шахри хонахо", ки вокеан хамин тавр аст, хеле иморат дорад, дигаре "Шахри аввалинхо ё болоихо" ки дар ин  шахр ба накл аз нафаре  сарватмандон зиндаги мекунанд, ки сохиби хонаву дари бохашамт мебошанд. Соли 1636 аз тарафи Вилиян Пингон  бунёд шудааст ва асосан онро зодгохи баскетбол низ меноманд. Ин шахр дар сохили руди Коннектикут чойгир шудааст. Кариб 28 мактаби элементари,6 мактаби баландихтисос, 6 мактаби миёна ва 6 мактаби ихтисосманд дорад.Инчунин 4 донишгохи калони давлати дорад.Калонтарин рузномааш аз лихози хачм ин "Зе Спрингфилд Пабликешен" аст. Хуб холо биёед хаме якчоя бубинем, ки кучохо омадем.
Холо Спрингфилдрo тай намуда ва билохира ба шахре ё худ иёлaте ки дер боз интизораш будам ва будем, расидем. Бале, бале ба Нию Ёрк омада даромадем.Соати мошин на , соати дастиям 5:40-и асриро нишон медихад. Холо чун шаб фаро расида истодааст, дар назди мотеле карор дорем, ки мехохем барои шабро гузарондан гапзанон кунем. Хуб,якчанд  хотелу мотелу мехмонхонаро аз назар гузарондем,аммо кушиш кардем ки арзонашро пайдо намоем, аммо муваффак нашудем.Медонед Нию Ёрк одамони бою сарватманд зиёд дорад ва мехмонхонаву хотелхояш хам хеле гаронанд. Дар Нию Ёрк ашхоси сарватманду бою доро зиндаги мекунанд ва хама чиз дар инчо , чи хурданию чи пушоки ва хар чи гарону нарххояшон дандоншикан аст.Маоши кормандони кариб хамаи сохахо дар инчо нисбати дигар иёлатхо бисёр аст.(ин хам аз сабаби гарон будании нарххо аст,чун ки кае бо маоши кам зиндаги кардан наметавонад.) Як хонаи як хучраги барои сипари намуднаи як шабонаруз ба хар як кас 90-100$ рост меояд, ки ин баори мо барин "мехмонхо" арзон нест. Аммо  чи хам мекардем,илоче ва интихобе надоштем. Шабро дар як хотели вокеъ дар райони Бронкс ба сар  бурдем.
Ичозат фармоед то чанд лукмае оиди ин шахри бароям азиз арза намоям. Нию Ёрк вокеан шахри кадамзанист, чаро ки он хама бинохои бошукуху осмонбус,супермаркетхову магозахои гароннарх,парку расадхонахо,кучаву хиёбонхо аз кас талаби кадамзаниро менамоянд.ва бехтарин авкоти гашту гузор дар ин хиёбонхо  тибки маълумоти як рохгузори ин шахр , ки худро Чон номид,ин мохи Октябр-Май мебошад.Аммо ман мегуям, ки Нию Ёрк шахри хамаи моххо ва фаслхост.Банда дар маркази тичорати ё худ калби Нию Ёрк ки Тайм Сквеа (Times Square) номида мешавад, чандин будаам,ва умуман ба Нию Ёрк ин маротибаи 6-ум  мебошад.Медонед, намедонам чи бигуям; зебоиву кашангии гушаву атроф,серодаму серсайёх будани хиёбонхо, дар холи савдо будани магозаву супермаркетхо, дар холи ташвику реклом будани хар гуна лавхахои электронию дичитоли касро чахон-чахон рухи тоза ва таассуроти гани мебахшад. Дар Нию Ёрк маводи хурдани, либосу палос, ва хонаву хоелхои ичорави, мошину ресторанхо ва дигар чизхои таъминкунанда нисбати дигар иёлатхои Амрико гаронноктаранд.Аз ин дар Нию Ёрк на хар кас кодир ба рафтану будану мондан аст.Чойхои тамошобобу диданияш хеле ва хеле зиёданд.Дар Нию Ёрк Чайнатаун (Chinetown) мавчуд аст, ки ахолиидавлати Чини мукими Амрико кору зиндаги доранд ва эшон асосан ба савдову тичорат ва ресторану  хизматрасонихо иштиголанд.Шумораи чинихо дар Амрико зиёд аст.Инчунин дар Нию Ёрк маконе ё районе вучуд дорад, ки СОХО (SOHO)меномандаш ва инчунин Литтле Итали (Little Italy) хам хаст, ки бо бехтарин ресторану супермаркетхо ва дигар чойхои чззоб маъруф аст.
 Дар шаб кучаву хиёбонхои ин шахр вокеан диданист.Хамаи  магозаву ресторанхо кариб 24 соата хастанд ва 24 соат дар хизмати мардум карор доранд.Бояд мутазаккир шуд, ки Нию Ёрк калонтарин маркази  иктисоди, сиёси,тичоратии на ин ки Амрико ,балки кулли чахон аст. Нию Ёрк  яке аз иёлати серахолитарини Амрико махсуб меёбад ва 62 устон дорад ва сеюмин иёлати серахолии амрико шуморида мешавад.Бо Вермонт,Массачусетс,Коннектикат,Нию Черси ва Пенсилвания хамсархад мебошад.Шахрхои калону бузургаш инхо  Нию Ёрк Сити,Буффало,Рочестер, Янкерз ва дигарон мебошанд.Масохаташ 141.089 км2 ва аз   чихати хачму андоза дар миёни 50 иёлат чои 27-умро ишгол менамояд. Иклимаш  муътадил аст. Зимистонаш хунуку дароз ва тобистонаш салкин. Нию Ёрк дорои паркхои зиёд аст, инчунин ду мамнугохи бузурги чангал дорад. Адирондек Парк ки хачмаш баробари иёлати Вермонт аст, калонтарин паркии милли Амрико ба шумор меравад, ки соли 1892 ташкил гардидааст.Кетскил Парк, ки фарогири 700,000 акр ,яъне 2800 км 2 аст, хеле бузург мебошад.Инчунин Централ Парк хам хеле калону зебоманзара аст, ки ман дар ончо танхо як маротиба будаам.Нию Ёрк аз чихати ахоли баъд аз калифорния ва Техас чои сеюмро ишгол менамояд, ки мувофики нишондоди соли 2006 ахолияш 19.306.183 будааст.Албатта мухочирони хоричи ва мукими ба афзоиши ахоли дар ин иёлат сахмгузоранд.Ва маркази асосии густариши ахоли дар Нию Ёрк ин устони Оренч мебошад. Гуруххои асосии нажоди ва этники дар ин иёлат африкоихо, ки 15.8%, итолихо 14.4%, ирландихо 12.9% ва олмонихо 11.1%-ро ташкил менамояд.Мувофики арзёбии соли 2004 20.4 %-и ахоли ин таваллуди хоричиён будааст.
Устои Квинс дар доштани гуруххои одамони мухталиф шухратманд аст.Дар бобати  дину эътикодоту равия бошад,католикхо 40%, протестанхо 30%,яхудихо 5%, мусулмонхо 3.5%, будистхо 1% ва шахсони бединхо бошанд 13%-ро ташкил мекунанд.Бояд бигуям ки дар Амрико хар як иёлат пойтахт дорад ва пойтахти Нию Ёрк ин Албани аст.  Амрико давлати серхукумат аст ва бояд зикр кард, ки худи як Нию Ёрк дорои 4200 хукуматхои махалли мебошад.Банда дар Нию Ёрк Сити, Мэнхетен, Квинс, Бруклин ва дигар шахрхои ин иёлат будаам ва авкоти фаромушнопазире доштаам.Нию Ёрк Сити а лихози чугрофи дар кисмати  шимолушаркии иёлати Нию Ёрк чойгир буда аз калонтарин шахрхои Нию Ёрк ва маркази иктисодии чахони, тичори, моли ва хукуки ба шумор меравад.Нию Ёрк Сити бисёр ве хеле зиёд чойхои чолиби тамошову дидани дорад ва як гушаи зебои дунё барои саёхону туристон гаштааст.Чойхои диданию таърихи монанди Хайкали Озоди,ки хазорон одамонро ба ворид шудан ба Амрико хайрумакдам мегуяд.Хиёбони бузурге монанди Уол Стрит, ки марказхои асосии молию иктисоди ва баландтарин бинохои мисли Эмпае Стейт Билдинг, Маркази Чахонии Савдо ва дигар биноховуи идорахо дар хаминчоянд.Уол Стрит хиёбонест, ки аксари филмхои амрикои ва хоричи  дар ончо ба навор гирифта шудаанд.Таимс Сквеа (Times Square) , зеботарин чои Ниё Ёрк аст, ки аз сабаби рангоранги дичитоли будани хар реклому ташвикотхои атрофаш, Нию Ёркро "Шахри хамеша бедор" яъне "The city that never sleeps" меноманд.
Устони Квинс ки дорои ахолии 2.256.576 аст, аз нуктаи назари чугрофи калонтарин райони Нию Ёрк ба шумор рафта, фарогири гурххои этникии мухталиф аст.Стадиони бо номи Шео Стедиюм (Sheo Stadium) дар хамин чо вокеъ аст.
 Хуб, бояд зикр намоям, ки хама сола такрибан 40 милион туристхову саёххони хоричу мумики Амрико аз ин иёлати вокеан зебо дидан намуда, бо худ хазорон тассурони хубу ба ёдгормондагор мегиранд.Он гуна ки гуфта гузаштам, бехтарин нуктахои диданиву тамошобоб ин Майдони Вакт (Times Square)
Хаикали Озоди (Statue of Liberty), Бинои Давлатии Эмператури (Empire State Building),Чазираи Эллис (Еллис Исланд), Театри Бродвей (Broadway Theatre),МОМА(МоМа-ин як расадхонаи хунархои зебо),Парки Маркази (Central Park), Парки Майдони Вошингтон (Washington Square Park),Маркази Рокфеллер (Rockfeller Center),Боги хайвоноти Бронкс (Bronх Zoo), Хибонои Панчум ва Мэдисон (Fifth and Madison Avenues) ва дигар чойхои зебо.
Нию Ёрк маркази чахонии телевизиюну реклому мусикиву рузномаву китобхост. Ин иёлат чун яке аз серахолитарин иёлат аст, лахчахое дорад, ки баъзан фахмиданашон гайри имкон аст.Тез харф мезананд ва яке аз тезхарфзанандатарин мардуми Амрико махсуб меёбанд. Ва хусусияти лахчаи онхо ин "Бидуни Р талаффуз кардан" аст инро (R-lesness) мегуянд.Чунин менамояд, ки гуи харфи "R" дар алифбои онхо вучуд надорад.
Хуб, ёдовар шудан ба маврид аст, ки Нию Ёрк яке аз он иёлатхоест, ки бештари ё худ аксари мухочирони хоричиро кабул кардааст.Миёнаи солхои 1820 ва 1920 зиёда аз 20 милион одамон ба Амрико мухочират намудаанд яъне дар тамоми гушаву канори дунё.Ва барои аввал бисёрии онхо  нахустин бор пои хешро  дар хоки Амрико дар чазираи Эллис, ки зикраш рафт,гузоштаанд.Ва ин чазира ба маркази кабули мухочирон табдил гашта , машгултарин гушаи Нию Ёрк ба шумор меравад.Ва як факти дигар хамин аст, ки 27-и марти соли 1907 сафинаи бузурге якчанд навомадагонро ба Амрико овард ва ин шумораи бузурги мухочирон аст дар тарихи Иёлати Муттахидаи Амрико.
Аз ин чост, ки президенти собики Амрико Чон Кенеди замоне гуфта буд."Our flag is red, white and blue but our nations is reinbow" яъне (Парчами мо сурху сафеду кабуд аст аммо миллати мо рангинкамон аст).Манзури президент мухталиф будани миллаташ аст ва аквоми мухталифу гуногуннажоду гуногунасл дар Амрико зиндаги мекунанд.
Ана бубинед чи хабархост дар Амрико.Хуб холо намехоед бипурсед мо дар кучо карор дорем? хеле хуб, ман худам бароятон хохам гуфт.Бале, мо холо дар хиёбонхои Нию Ёрк  карор дорем.Пас аз гуфтугуи якчоя тасмим гирифта шуд, ки ба Бруклин (Brooklyn) биравем.Хуб холо  пиёда тамошокунон ба чониби купруки Бруклин равонем. Ба ончо хам омадем, акс гирифтем , харакати наклиётхоро мушохида намудем ва аз хамин чо дасти ба осмон боло намудаи Хайкали Озодиро мебинем,ки гуи моро ба суи худ мехонад.Холо дигар охиста -охиста шаб шуда истодааст.Шаб, чи шаби хуш ва ором, хамачо чарогон ва нурони осмонро кавокиб фаро гирифта,аммо ин осмон аз осмони Точикистон тафовут дорад.Холо инчо мухит дигар, одамон чурочур...Соат ба вакти Нию Ёрк 9:12 -ро нишон медихад.Холо мо чониби ресторане равонем, то ки чизе бихурем чун эхсоси гушнаги мекунем.Рости ресторанхо дар Нию Ёрк хеле гаронанд, аз ин ру кафе-ресторанхое рафтем ва  ончоро каме арзонтар аз ресторанхо дарёфтем.Хуб хуроки шом хам хурдем, чун сер шудем хастаги моро хамла кард,аммо Кристоф исрор намуд, ки рохро ба суи Филаделфия пеш бигирем.Харчанд пардаи шаб хамачоро фаро гирифта,аммо теги алмосмонанди мошини мо ин пардаи тираро бурида истодааст. Ман хеле хастаам,аз ин лихоз мехохам каме хоб равам,феълан худо нигахдоратон то сар задани хурешед.
Салом азизон! Дишаб тамоми вакт дар рох ба суи Фили будем.Дусти бегарази мо Кристоф то субхидам дар даст рули мошин дошт.Ва дишаб соатхои 4.25-27 бомдоди хамон руз ба як мехмонхона омада расида дар ончо шабро сахар намудем ва ана чи тавре ки мебинед, хама саломату хубем ва ман барои шумо аз имруза вокеахое ки карор аст, сар занад, ба шумо хохам нигошт.
Холо дар Филаделфия хаво чунон гарм аст, ки нафас кашидан махоле, гуи аз осмон оташ мевазад. Бояд бигуям, ки дишаб пеш аз ба мехмонхона рафтам , Кристоф кармончаи кисагияшро, ки дар дохилаш  визитка, кариб 1000$ ва мадорику хуччатхояш буд, гум намуд.Хеле кофтуков намудем,билохира пас аз кофтукови тулони, ки кариб 2 соатро дар бар гирифт, бо истифодаи чарогхои мошин кармончаи Кристофро пайдо намудем. Ва Кристоф ба муносибати пайдо намудани хуччатхояш моро ба зиёфат даъват кард.
 Холо соат 14:12-и баъд аз абедро нишон медихад ва мошини мо дар болои купруки ба номи Филаделфия равон аст. Соати 14:45 ба паркгох омада, мошинро дар он чо гузошта ба назди Фонтони бузурги Филаделфия шитофтем. Садои ин шарора вокеан рухро такон медихад ва атрофи он хеле салкин аст.Ин шарора дар парки ба номи Ишк (Love) чойгир аст ва дар инчо чуфт-чуфт чавононро дидан мумкин ки перомуни ин шарора нишаста бо хамдигар сухабт доранд. 
Соат ба вакти Филаделфия 15:41-ро нишон медихад ва мо бошем рох чониби ресторан-кафеи Dunkin Donut-ро пеш мегирем.Дар назди хар яки мо кахваи сиёхи талхи амрикои бо гамбургерхои "фарбех" (чунин номгузори кардаам гамбургерхои амрикоиро) карор дорад.Бояд зикр намуд, ки кахваю шарбат ва сандвичу хамбургер аз хурданиву нушиданихои маъмулии мардуми Амрикост.Хуб, таом хам хурда шуд, сипас аз он чо баромада ба  хиёбоне бо номи "Хиёбони Сеюм" рахсипор гаштем, ки ончо хеле калону зебо ва хозиразамон аст.Аз он чо низ гузашта ба Майдони Чорч Вошингтон омада, назди хавзе ки обаш шлип шлип мерехту чори буд, нишаста аксхои хотирави бардоштем.Инчо мисли як парк аст, на на иштибох кардам,инчо аслан ва дакикан Парк аст, ки "Парки Вошингтон" -аш меноманд.Дар инчо яъне манзурам Филаделфия инчунин  шахри чинихо "Chinetown" будаст, ки мо чун хамеша аз руи хавасманди ба ончо низ мехмон гаштем.Хаво чунон гарм аст, ки хама сояпанох мечуянд.Осмон гуи танур асту одамон нон барин мепазанд.Баъд аз тамошои якчанд магозаву супермаркетхову манзилхои чини, ба максади дидани Толори Истиклолият "Independence Hall" Chinetown-ро тарк намудем.Дар ин макон яъне Толори Истиклоият Чорч Вошингтон дар замоне ки дар Фили чанги шахрванди мерафт, онро хотима бахшида, имзои сулхро гузоштааст.
Дар ин чой инчунин дидани Зангулаи Озоди "Liberty bell" имконпазир аст.Агар дурустар назар намоем, дармеёбем, ки як кисми сурати Зангула кафидааст ва ин аз зарби мучда расонии мардум аз вахдату сулху салох будааст.
Холо соат 21:33- шабро нишон медихад ва мо чун хамеша дар кахвахонахо карор дорем, кахвае бо шакару крему шир нуш дорем.То соати 22:18 дар инчо будем.
 Соати 23:13 ва рохии шахри Атлантик Сити “Atlantic City" гаштем. Аммо кабл аз тарк намуданамон Филаделфияро ичозат фармоед, то сухане чанд перомуни Филаделфия арз намоям.
Филаделфиа калонтарин шахри Пенсилвания махсуб ёфта ва шашумин шахри машхури ИМА мебошад.Вокеан хеле хурсанд хастам, ки дар ин иёлат низ будаам.Маънои Филаделфия ин бо инглиси "The city of brotherly love" яъне "Шахри ишку мухаббат" .Мувофики соли 2006 ахолияш 1.4 милион одамро ташкил медихад.Ин шахр маркази тичорат, фарханг, тамаддуни иёлати Пенсилвания мебошад.Агар ба замони мози  шасти назар андозем, мебинем, ки Фили (чунин ном мегиранд Филаделфияро мардуми махал) якумин пойтахт ва машхуртарин шахр дар Амрико будааст.Бояд ёдовар шуд, ки Бенчамин Франклин дар рушду нумуъи ин шахр хеле сахми бориз гузоштааст. Дар давоми солхои Инкилоби Амрико  Фили хамчун маркази
асосии мухориба ва халкунанда ба хисоб мерафт. Ин хамон шахрест, ки Эъломияи истиклоияти Амрико ба имзо расидааст. Тобистони ин шахр хеле гарм аст. Толори Истиклолият, Парки Таърихии милли, Зангулаи озоди аз чолибтарин ва зеботарин чойхои ин шахр ба шумор рафта , яке аз нуктахои тамошобоб барои туристону сайёхон гашта.Расадхонаи Санъатхои зебои Филаделфия яке аз калонтарин расадхонахо дар Амрико мебошад.Хуб, Филаделфия дорои ду аэропорт буда, яке дар кисми шимоли ва дигаре дар кисми чанубии Фили чойгиранд. Хуб ин буд чанд харфе перомуни Филаделфия холо мехохам, таваччухи шуморо ба суи Атлантик Сити бикашам.Соат 12:13-и нисфи шаб.Чун хаме якчоа вориди ин шахри "рузмонанд"-и чарогон гардидем, аз чарогону фурузон будани хиёбонхо, аз зебоии бинову магозаву супермаркетхоаз тозагии кучахо аз хануз бедор будани одамхову гаштугузори эшон дар кучаву пайрохахо мафтун гаштем.Рости дустони хамсафари ман низ каблан ба ин шахр наомада будаанд,аз ин ру зебоии ин макон таваччухи хар яки моро ба худ кашид.Шахр ором аст.Шахри мазкур дар иёлати Нию Черси вокеъ аст, ки дар наздикиисохили Укёниси Атлантик чойгир мебошад ва хавои ин шахр нисбатан салкину хуб аст.
Чойхои хамчун Сохили Маями "Miami Beach", Нассау "Nassau", Бахамас "Bahams" аз бехтарин чойхои тамошобоби ин шахри афсонави махсуб меёбанд.Чун ба ба назди Тач Махал "Taj Mahal" омадем,вокеан ман худро гуи дар Хиндустон тасаввур кардам,хамаи атрофро мухити афсонавии Хиндустон фаро гирифт.Рости ин Тач Махал Казино аст чун духтархо исрор карданд, ки равем дохил,мо низ интихоби эшонро рад накарда вориди он гаштем.Ман каблан харгиз дар чунин чойхо набудаам ва бори аввал ки кадам ба ин гуна даргох шомил намудам,хешро ким дар кучое дарёфтам.Хулоса мо як ду соат авкоти хешро дар ончо гузаронида аксхои хотирави бардоштем.
 Хуб ба маълумоти шумо хонандаи азиз мерасонам,ки иёлати Нию Черси "New Jersy" дар кисми шимолу чануби Амрико вокеъ аст.Дар чануб бо Нию Ёрк дар шимол бо Океани Атлантика, дар кисми шимолу гарб бо Делавир, дар кисми гарб бо Пенсилвания хамсархад аст.Кисми зиёди мардуми ин махал яхуданд.Гурухи этники ин шахр аз 5  табаа иборат аст. Италиянхо 17.9%, ирландихо 15.09% , африкоихо 13.6 %, олмонихо 12.6%, ва поландихо 6.9%-ро ташкил медиханд.
 Соат 01.21 субх хама якчоя дар сохили Атлантик чамъ гашта дар даст себи сурх истеъмол мекунем.Холо бо хам перомуни писанд омадан ё наомадани иёлатхои мухталиф харф мезанем.Садои об, гардиши мавчхои дарё, насими салкин ва регистони зери по вокеан моро мачбур месозад,то ки хешро осудахол шуморем.Мо карор кардем, ки имшабро дар хамин сохили дарё ба барпо намудани хаймаи Хаёмие сахар намоем.Хурусон садо мебароранд,  мо анакнун сар ба болини хоб менихем.Хуб то пагох Худо бо шумо!
            Салом азизон, соат 7:00-и субх аст.Мо холо чониби парке ки дишаб мошинро гузошта будем меравем.Пас аз кадамзании андаке ба кахвахонае даромада субхона кардем .Инчо шояд аз сабаби дар назикии сохил буданамон бошад, ки хаво ба назар салкин менамояд.
 Мошинро гирифтем ва ба хиёбане рафтем, ки хиёбони "магозаву супермаркет"-хо унвонаш кардем.Дар ин хиёбон гаштему хурдему нушидему харидхо намудем.Сипас ба китобфурушгохе рафтем,ки "Borders" унвон дошт, банда дар китобфурушгохи мазкур 2 китобе аз Суфии маъруф Чалолидини Руми ки дар Амрико бо номи муххтасари Руми чахонгир аст, харидори намудам.Фурушандамард чун Румиро дар дастони ман дид ва бо як таачубе гуфт: "ооо, Руми, устоду рохнамои рухонии ман!Чи хуш ки шумо кутуби ин нобигаи Шаркро даст доред, аз хондани он умедворам,ки халоват мебарде."Ман рости аз шунидани чунин суханхо аз забони як фурушандаи оддии Амрикои хисси ифтихор дар ман бедор шуд. Баъд аз ин мулокот бо фурушандаву шунидани чунин суханхои ноб аз забони у дар ман боз як хисси кунчковию румичуи чуш зад. Аз он руз таваччух намудам ба Румиву олами рухонии у.
            Хуб, дустон бояд бигуям, ки хар чизе анчоме дорад, хариди мо хам анчом ёфт ва дуборa рохи сохили Атлантикро пеш гирифтем.
            Хама дастчамъона хуроки шоми "сохили" ки аз гушту мохиву салади тозаву озода ва нушабахо иборат буд, омода намуда тановул кардем.Медонед, ба бахти мо имруз хавои ин шахр салкину шамоливу абрнок буд, ки хуб буд.Хурок хам истеъмол кардем ва тасмим гирифта шуд, ки ба Taj mahal (номи як казино дар хамин шахр, наздикии сохиле, ки дишаб будем.) Ана холо Кристоф мошинро "заводит" карда истодааст,омадем назди казино,даромадем дохили он. Дар дохил чи рух медихад? Оё нафаре аз мо дар бози ширкат мекунад ё на?Боз чихо рух доданаш мумкин?  Чавоб ба хами ин суолхоро метавонам пас аз хуруч аз ин макон бароятон тавзех бидихам, феълан худо нигахдор.
            Салом ва дуруд ахли назар!
 Соат 23:10 шаб аст ва мо якчоя аз казино мебароем.Ман каблан харгиз дар чунин чое набудаам ва зиёд нестанд шумораи он казинохое ки дар Точикистон амал мекунанд.Вокеан зебоии дохилу беруни онро наметавонам ба пурраги тасвир намоям.Тасвирпардози мохире лозим то зебоии ин маконро ба руи когаз оварад.дар ин Казино Кристоф, Гончам Роза 20 доллари мукофот гирифтанд,аммо ману Анна аз сабаби 0 будан тачрибаамон хеч чоизае нагирифтем.
            Хуб, холо биёед ин кадар риштаи суханро тул надихем ва бехтараш бубинем дар пеш моро чи интизор аст.
             Хамакнун карор карда шуд, ки рох ба чониби иёлати Вирчинияро пеш бигирем.Аммо бояд хотирнишон шуд, ки то ончо расидан 7--8 соатро давом мекунад.Холо соат 12:00 шаб.Ин сафар чун тулонист, ман каме хама  чуз Кристоф, ки ронандаи мо аст тасмим гирифтем, ки хоб биравем.Хушхабар хамин, ки 10-12 катра борон рехт.
            Соат 9:30- субх ва мо дар калби шахри Вирчиниё карор дорем ва бояд гуфт, ки душ тамоми шаб мошинамон дар холи характ буд ва 8 соат тул кашид, то ин ки ба инчо оем.Бо бачахо омадем ба (Campground) -Хаймагох-е, ки садхо нафар ончо маскан гирифтаанд ва мо низ чун ишон чунин кардем.Хайма барпо намудем.Ёдоавар шудан ба маврид аст, ки хама сола садхо нафар одамон чи аз дохилу чи аз хоричи Амрико ба ин минтака меоянду авкоти хеш зери сояхои дарахтони сояфкан ва сохили ороми Вирчиниё мегузаронанд.Ин одамон дар катори онхо мо низ рузхоро бо нишастану шино кардан ва нури хуршед гирифтан аз сохили Virginia Beach  ва шабхоро ба тамошои гирду атрофи ин минтакаи афсонави мегузаронем.
            Феълан дар кучахои хуршедии Virginia Beach кадам зада истодаем.Шахр серодаму дорои издихоми бузург аст.Холо шаб аст ва соати дастиям 11:40- и шабро нишон медихад.Хиёбоне, ки мо руи он равонем,калонтарин хиёбони шахр ба шумор рафта, ду тарафашро магозаву супермаркетхо ва хотелу мотелхои замонавию чалбкунанда фаро гирфитааст.Ичозат фармоед то нукоте пиромуни авзову мухити шабонаи фе;лии ин хиёбон арз намоям.
Дар як гушаи хиёбондасти навозандагону сарояндагон  дар шакли зинда месароянд ва тарона ва охангхои чолибу шунидани садо медиханд,хар нафаре беихтиёр зери ин охангхо ба харакат медарояд,дар гушае як нафар шуъбадабоз издихомеро сархуш намуда истодааст,, дар гушаи дигар як марди такрибан 40-сола бо хар гуна амалхои ачоибу гароиб таваччухи тамошобинону рохгузаронро  ба худ мекашад,агар каме поёнтар биравед, гурухи доирашакли брекдансхоро мушохида менамоед, ки бо ба намоиш додани махорати  ракси бадану сар мардуми атрофро саргарм менамоянд ва хазорон амалхои дигару дигарро  аз ин хиёбон мушохида кардан мумкин.Ман ин хиёбонро "Театри зинда" номидам.
            Бубинед, холо порсе аз шаб гузашта, мох дар болои сар рушан аст,аслан осмони ин шахр ниёз ба хеч гуна рушаное чун мох надорад, чаро ки кучаву хиёбонхо хама нурониву фурузон.Дар хар сурат хузури мох дар осмони оби зебоии ин шахрро дахчанд мекунад.
            Дар хиёбони мазкур тасодуфан бо ду бародари ирони бархурд намудам, ки аз сухбату ошнои бо ишон хеле мамнун гаштам.Албатта дар шахрхои Амрико хар миллату нажодро дидан мумкин аст.Дар ин хиёбон супермаркети бузургу бохашамати русхо вокеъ аст, ки фурушандахояш хама духтарони русанд.Ин фурушгох чи мефурушад?Машрубот,нушокихои спирти.Факат хамин.Бачахои бо ман буда чун исрор карданд, ки оби чаве барояшон бигирем,ба ман ишора карданд, ки аз духтарони руз бо забони руси харф бизанам.Бояд бигуям, ки дар Амрико ба чавонони аз синни 21 поён хукуки хариду нушидани машрубот катъиян манъ аст,аз ин ру ман ки сину солам аз ин меъёр боло буд, аз русдухтаре оби чаве гирифтам ва бо у шинос гаштам.Ання садояш мекардаанд.Ання чандин сол дар хамин иёлат ва дар хамин фурушгох кор мекардааст.
             Хуб бармегардем боз ба хиёбони дар боло зикр шуда.Ин хамаи намоишу ба истилох фестивалхое, ки дар ин махал доир гахстаа истодаанд, ройгоу бепул буда, аз тарафи Хукумати махаллии Вирчиниё бахри осудахоливу фарогати мардуми марзиву бурунмарзи  ташкил гардидааст.Ачаб шахреву ачоиб одамоне.!
            Хуб дустони ман, мо рафтем,то пагох,Худо бо шумо!
            Субх аст, сабохи орому салкин ва шамоли.Хавои ин сахар салкин, шояд ин аз хотири дар сохили Атлантик чойгир будани Вирчиниё бошад.Субхонаро дар ресторани Мак Доналдс соати 10:10 хурдем.Холо дар сохили Атлантика нишаста хама якчоя гузашти умру зиндагиву умуман дакоикро аз чашми поку ояндабини  дарё менигарем.
 Рузи баъд рох суи штати Королинаи Шимоли гирифтем.Соат 3:40- баъд аз зухр аст.Дар Амрико хар як иёлат ва шахру шахрак шиори худро дорад.Шиори ин шахр  First in flight "Нахуст дар парвоз " мебошад.Мошин равон аст,аммо саманди вакт сареътару пештар аз он.Агар ба осмон бингарем, анбухи абрхои тираро дидан мумкин, ки хоки аз резиши боронанд.
            Охооо,ачаб бороне,балки селобе!
            Чунон якбора борони тунду шамоломез шуруъ шуд, ки аз резиши он роху масирро аз даст додем,чое дида намешавад.Гуи доамни осмон дарида ва аз он дарёи чорист.Бо талошу захмати бисёр билохира ба истгохе оамад андаке сабр кардем,то борон боз истад.Соат назди истгох 12:45-и шабро ба мо нишон медихад.Ман харгиз чунин боронеро ба ин тундиву сахти дар Точикистон надида будам.Баъд аз тахминан як соат борон каме охистатар шуд ва мо хамоно ба торикиву тирагии шаб ва майда-майда резиши борон нигох накарда , бахри фатхи иёлати Королинаи Шимоли рохро пеш гирифтем.
            Дар холе, ки ман калам дар даст ин ходисаро руи когази испед меовардам,якбора аз навиштан боз истодам ва андшае маро ба чониби хеш бурд.Амрико дар хусуси майдони таъмини сузишвориву кахвахонаву хотелу мотелу хочатхонахо хамто надорад.дар хар супермаркетхо,майдонхои сузишворитаъминкунада хатман кахвахонае о хочатхонае аст, ки мусофир бе мамоният ниёзашр бароварда менамояд.Ачиб ин аст, ки хочатхонахоаш хеле тозаву ороста,ройгону муччахазонидашуда, хушбуву муаттар мебошанд, ки хатто мусикиро дар онхо шунидан мумкин аст.Кас метавонад сурату симои хешро дар деворхои он бубинад.Дар бобати роххо, хочати харф задан нест.
            Хуб пас аз рондаи тулоние омадем ба хотеле ва шабро карор аст дар хамин чо сипари намоем.
            Пагох чи рух медихад? Мо боз ба кучо рафтани хастем? Пагох ба шумо хохам гуфт.Феълан худо нигахдоаратон дустонам.

Соат ва санад бо вакти Хучанд