Шеърхо

Шаби милоди ман аст..

Хонаам торику сард
Хама чо гарки сукут
Накше аз нури гули мoх хам нест
Касе аз бекасиям огох нест
Ва дар ин шоми пур аз торикии бемахтоб
Пушти ин панчараи хонаи ман
Осмон мегиряд
Нафаре аз гами танхоии ман огох нест
Дар  кучои эй дуст
Шаби милоди ман аст
Санги холигахи чои ту кунун
Чоми дил бишкаста
Лек, эй дуст, бидон
Ман ба рохи ту назар хохам духт
Шоядам рузи дигар боз ои
Ва барои мани танхо шояд
Хадяи  рушание меори
Хамчун гулдастаи пайгом ба милоди ману танхои…


 -----------------------------------------------------------------------------------
Дар як шаби сарди пойиз


Вакте, ки боди маст
Дар пушти панчара
Сили ба рую пайкараи рох менамуд
Дар хонае,
Шикастадиле..
Ранчдидае...
Аз дасти сарнавишт
Фарёд менамуд...


--------------------------------------------------------------
Шод бош эй  дил туро ин бори даврон бигзарад
Субхи шоди чун дамад в - он шоми хичрон бигзарад
Гарчи тули солхо дар куи гурбат будаи
Окибат ин рафту омадхо ба Эрон бигзарад
Чамьи моро зиндаги гарчи парешон кардааст
Ман якин донам, ки ин боди парешон бигзарад
Боз ову сардии калби маро нурони кун
Бо хузури сабзи ту фасли зимистон бигзарад
 --------------------------------------------------------------------------
Мужда эй дил ки зи чонон хабаре меояд
Ёри гамдидаи мо аз сафаре меояд
Дар гами дурии у чону танам сухт, ки аз-
Буи пирохани Юсуф, асаре меояд
Бизанед об раху чору намоед хона
Ки ба хар хол ба инчо нафаре меояд..
------------------------------------------------
 
Дар гурубе сард
Вакте синахо аз ишк гарм буд
Ногахон аз рох абре даррасид
Осмон пирохани хокистари бар тан гирифт
Ман ба зери нам-нами борон
Дар суроги чатри худ овора будам...
_______________________________________


Гохе ба сар кулохи такаббур ниходаем
Гохе дигар ба пои дигархо фитодаем
Гохе ки зиндаги рахи худ мекунад сиёх
Бо касди интиком хама суи бодаем
Як умр бурдаем аз ин хона армугон
Андешае накарда ки мо худ чи додаем
Гулро агарчи боди хазон решакан намуд
Бар руи навбахор дари дил кушодаем
Носех сухан зи боби хурофот мезани
Мо аз чунин китоби ту харфе нахондаем




 _____________________________________________


Осмон имшаб
Сар ба болини хоб нагзошт
Бо умеди он ки хуршед тулуь мекунад
Хешро мезад ба хар су
Лек чун милод шуд субхи дигар
Лашкари берахми абре
Омаду хуршедро махбус кард
Рузро беруху сарду тирагун
Одамиро дур аз нури гули хуршед кард.
___________________________________________ 
Ишкро хокиву афлоки махон
Ишкро сарчашмаи олам бидон
Мучиби назму низоми ин чахон
Ишк бошад , ишк бе шарху баён.
 <><><><><><><><><><><><><
Ишк худ бахрест бахри бекарон
Вусьаташ аз хок то бар Кахкашон
Ошикеро гуфтамаш ин ишк чист?
Гуфт ишкро ишк месозад баён
<><><><><><><><><><><><>
 Жакон
Бодаро нодида хамморем мо
Бо  хама ин миллати дардошно
Водарего чунки беморем мо
Эьтиное ку дигар аз рохбарон,
Гуи аз хамхона безорем мо.
Бо хама ин давлату дороихо
Боз мегуям,ки нодорем мо
Гашта Рогун нангу номуси хама
Нохарида, гуи агёрем мо
Бо усулу шеваи зуровари
Баргаи Рогун харидорем мо
Нолаи мо рафт суи Муштари
Кас намепурсад, гирифторем мо
Пунба бар гушем мову рохбарон
То ба kай хомушу сабборем мо
Пеши пои пешво афтодаем
Пеши дигархо риёкорем мо
Бо хама ин чоплусихои худ
Бахри ин миллат чи даркорем мо
Точикистонро парешон кардаем!
Боз мегуем ватандорем мо?
Бо уручи харфи истиклоли хеш
Бе газу беобу бенорем мо
Дурем аз огуши гарми хонумон
Дар гариби бепарасторем мо
Дар талоши чоху тахту салтанат
Бар адуи хеш гамхорем мо
То бувад адлу садокат пойдор
Даст аз ин доман набардорем мо
Лашкари бегонаи гам омада
Мулку моли хеш биспорем мо
Туьмаи теги Фарангистон шуда,
Пайрави оину рафторем мо
Бурдаем аз ёд он фарзонахо
Гофил аз Турсону Бозорем мо
Бо хама беэьтиноихо магар
Вориси Чомию Атторем мо?
Пардаи хомуши мебояд бурид
То кай обе дар дахон дорем мо
Пунбачинонем дар айёми дарс
Бардаи бемузду шокорем мо
Гар чавононанд фардои Ватан
Лоики курсии шахворем мо
Чумла пиронанд ахли Порлумон
Чой холи кун, ки навкорем мо
 Бо бахамоиву васлу иттиход
 Точикистонро нигахдорем мо
 Миллати ман рафт даврони ситам
 Зиндагии хуш сазоворем мо
.................................................................


Кунун сар буланд кун

Ало ай ҷавонони бедордил
Кунун сар буланд кун зи обу зи гил
Кунун вақти бар по шудан даррасид
Бубояд  ки гулҳои уммед чид.
Ватан аз ману ту бувад пойдор
Чаро пас насозем ба ин ибтикор
Чаро ай ҷавонон ҷудои кунем
Барои ватан бевафои кунем.
Аз инҷову онҷои будан магу
Зи ваҳдат, зи пайвстагиҳо бигу
Чанубу шимоли ту кисмат макун,
Ба хоку ба миллат хиёнат макун.
Хамушиву беэьтинои дигар
Бирафту биомад кунун болу пар.
Кунун бояд аз дасти ин золимон
Аз ин хоҷагону аз ин муфлисон
Аз ин навкарони худобехабар
Ки худро фидо кардаанд баҳри зар
Раҳои биҷуему озодиро
Рафоқат, ҳақиқат, худоёдиро
Бубин шоирону адибони мо
Зи аслу асолат шудаанд чудо
Ҳама гашта маддоҳи болоиҳо
Ҳама гунгу куру кару бенаво
Куҷо аст Лоиқ, ки лаб во кунад
Алайҳи чунинҳо садоҳо кунад
Ба тири қалам синаҳо бишканад
Ба мардум сабоҳи сафо оварад
Куҷо аст Бозори бозорёб
Ки бедор созад ҳама аҳли хоб
Дарего, дар ин кишвари номдор
Ҳама гашта беному бешаҳриёр
Кучо аст Турсони дур аз ватан
Хамон нури чашму хамон рухи тан
Бубинад, ки фарханги бегонае
Тахочум намуда ба хар хонае
Рабуда аз эшон хам оину дин
Намуда ба эшон чунону чунин.
Ба тиру туфангу сипар омада
Ба миллат ба кишвар хатар омада
Ба расму русуму назар омада
Ба дунёи мардум зарар омада
Ало ай ҷавони ҷавонқалби манн
Биё ай далеру шуҷои миҳан
Биё инқилобе ба бор оварем
Ҳама золимонро ба дор оварем
Кунун сар буланд кун аз он рахтахоб
Ба майдони хакку хакикат шитоб
Ватанро чу дида нигаҳбон шавем
Адуяш бигирему вайрон кунем
Ишк чун рохе ба суи кибриёст
Ишк парвозе ба даргохи Худост
Медихад аз рушаноихо паём
Ишк пайгомоваре чун Мустафост
Оламе андар мани кучак нихон
Оламе аз бекарон то Човидон
"Ганчи асрори илохи Одам аст"
Офаринишро хаме аз Ишк дон

Нихонам рамзу рози осмонхост
Нишонам аз нишони бенишонхост
Ман он мурги самоиям на хоки
Ки парвоз аз карон то бекаронхост

Гахе афришта гах шайтонсириштам
Гахе бар дузаху гах дар бихиштам
Гахе хубам, гахе бад, гох нокас
Чун инсонам зи руи сарнавиштам


Рузе...

Рузе
Ба шахри решахо
Мехмон хохам шуд
Ва хаё хуи аташро
Сероб хохам кард

Рузе
Ба умки бахри кулуб
Фуру хохам рафт,
Ва гавхари мухаббату ишки асилро
Дарёб хохам кард

Рузе..
Даст бар домани хуршед хохам бурд,
Ва чашмони панчарaро,
Бар суи утоки сард,
Боз хохам кард.

Рузе
Нишони хонаи махтобро
Пайдо хохам кард
Ва кулборе аз рушноиро
Бар кулбахои тор
Эхдo хохам намуд,


Аташ..

Ман,
Кавири ташнаам.
Эй абри мехрубон,
Дар зери сояам бигир
Шояд…
Насими сабз бар пайкарам давад.
 ----------------------------------
Боронро
Дуст медорам
Чун у
Ашки чашмонамро
Пинхон медорад



 ------------------------------------
Дар варзишгохи зиндаги
Набояд чун тубе шуд
Ки аз ин суву он су
Туро,
Футбол бозандат…
Акнун
Акнун,
Бар харду чашми хеш
Айнаки хушбиниро мегузорам
То
Азамати нигохи хешро
Дар миёни ин хама бахолат
Дарёбам..
....................................... 


Хар бидоятро нихоят будааст.
Хар шикоятро хикоят будааст
Ишкро бунёди хасти хондаам
Одамиро ишк хочат будааст
Хешро хар лахза мечуям зи худ
Хешчуи худ рисолат будааст
Мезанам худро ба обу оташе
Чун риёзатро рафохат будааст
Даст афшон, пой куб эй чони ман
Ин самоь навье ибодат будааст
Эй дил аз дасти замона гам махур
Хар шаковатро саодат будааст
Бекарорихои калби хастаро
Ёди номи у сакинат будааст
Аз чи даври Каьба мегарду мудом
Дилбадастори зиёрат будааст
Ишк моро худ чароги рох шуд
Зиндаги беишк зиллат будааст
Нола кун эй дил ба даргохи Худо
Хар дуоеро ичобат будааст
Руй бинмо чониби хилватсаро
Ахли хилватро факохат будааст.
 Маснави...
Маснави яьне пуле бар осмон
Маснави яьне бувад худ нардбон
Маснави худ достони анбиёст
Маснави сарчашмаи илми худост
Маснави роху русуми зиндагист
Маснави он чашмаи пояндагист
Маснави рохе ба суи кибриёст,
Маснави асрори чумла авлиёст
Маснави худ шархи холи одам аст
Маснави буду набуди олам аст
Маснави тафсири оёти худост
Маснави маьрифати беинтихост
Маснави Хуршеду Моху Ахтар аст
Маснави хатто аз инхо бартар аст
Маснави хам бустону гулситон
Маснави яьне бахори бехазон.
................................................


Як тири нигохи ёр кофист
Як гул зи дусад бахор кофист
Душина ,ки бода нуш кардам
То умр бувад хумор кофист
Моро чи ниёз ин тарона
Як нолаи он хазор кофист
Моро набувад ниёзи сайде
Чун манзараи шикор кофист
Бар даргахи У ниёз дори?
Он нолаи зор-зор кофист
Мо ранч надида ганч чуем,
Як неши забони хор кофист
Сад ханда кунад чахон, валекин
Дар сина гами нигор кофист
Дар хона чу нест нору нуре
Як шоми ситоразор кофист
Орому карори ман намонда
Як синаи бекарор кофист
Рохе ба ниёзи гамгурези
Як дуди гули сигор кофист
Хучанд 22.05.2010


......................................................


 Рузи таваллуди туву гарчй наям канори ту
 Муборак эй азизи чон таваллуду бахори ту
 Дар ин диёри нозанин,ки ёсуман шукуфта аст,
 Шукуфта бод наргиси чамоли нурбори ту
 Дареги ин чудоихо,ки дар масири зиндаги,
 Хамеша хира дар раҳам нигохи интизори ту.
 Дареги умри рафтаам, гузаштахои кудаки,
 Биё,ки буса мезанам ба муи тобдори ту.
 Ту ай чахону чони ман,фуруги дидагони ман,
 Дили гамину хастаам, хамеша хостгори ту.
 Зи дури дурхо биё ба суям эй сурури дил,
 Ки нашъа  медихад маро хузури файзбори ту.
Маро чу парваридаи ба мехрабонии фузун,
Ба сидк з-ин сабаб, манам хаме сипосдори ту
.........................................................................................
Бузурги дар фурутанхост эй дил
Ниёз андар набуданхосы эй дил
Чахонро ин чудои пир карда
Хама аз "мо"-ву аз "ман"-хост эй дил

Хаёли хобро аз ман бадар кун
Аз он суи нихонихои пайдо
Худоё як шабе бар ман назар кун.


Хобро аз дидаам бедор кун
Ин дили гамдидаро хушёр кун
Бо фуруги офтоби ишки худ
Хилвати кошонаро бозор кун

Турунчи мехргон тобанда бодо
Дар олам ошики поянда бодо
Китоби Маснавиро боз кардам
Ки ишки Мавлави созанда бодо
 ...........................................................
Ё раб бигу, ман кистам,як мушти хоке чон шуда?!
Хам Мусиву Исо манам, хам Одаму Хавво манам,
Ман худ намедонам киям аз бахри чи инсон шуда
Асрори гети хаст шуд, олам зи ишкам маст шуд,
Хуршеду моху осмон,аз бахри ман гардон шуда
Ман хештан чуям  зи худ дар умки бахри бехуди
Ин чустучухои худи максуд бар Султон шуда
Бо ишк комил гаштаву дар ишк зоил мешавам
Чун ишк дарси муршиде аз мактаби ирфон шуда

Навруз

Ба огуше пур аз атри бахорон
Ба чашмони мунири нозанинон,
Биё ай махзари рузи мухаббат,
Биё ай иди гул ай иди дехкон.

Биё , Навруз эй огози тавлид
Гуле аз боги вахдат соз эхдо
Биафрузон чароги сулху вахдат
Даруни манзили торики дилхо

Биё чун хадяе бахшо табассум,
Бурун овар гам аз дилхои мардум,
Бизан теша дарахти кинаву кибр
Зи нав эхё бикун гулхои гандум

Биё эй мурги субхи навбахорон
Биё эй чашни чумла одамиён,
Чадиде кун зи нав дунёи кухна,
Биё ай шури ишку чуши имон.

Ки то ин сабзгулшан човидона,
Бувад кошонаи сулху амони,
Хумои бахт бикшояд пару бол
Ба авчи осмони зиндагони
2002

Hавои ной

Ба гуши хар ду дидаам, садои пой мерасад
Садои пойи хобхо зи хар кучой мерасад
Маро чунин нидои по ба рахти хоб мебарад
Зи гушаи дилам вале навои ной мерасад
Зи дасти ёдхо дигар чудо макун,ки ин замон,
Ба пеши хар ду дидаам, Хучастарой мерасад
Зи килу коли зиндаги хадиси гоб бишнавам,
Малак башоратам бидод,ки рахнамой мерасад!
 ..................................................................................
Субхи нишот мебарам зи согари шабони ту
Ба гармии вучуди худ дилам чу шод мекуни
Ба гайри ман ки пай барад аз он дили нихони ту

Бар риштаи зулфат сари шурида бубастам
Худро ба ту бахшидаму он лахзаи хассос
Аз лаьли лабат бин ки чи сон бехуду мастам

Aз чашмаи хузурат шодоб мешавад дил
Дар осмони шомат махтоб мешавад дил
Як байти буса хонам дар согари лабонат
Дар бистари нигохат бехоб мешавад дил

Туро аз буданат нобуданат бех,
Зи хачри ишк дасте сузанат бех,
Ба кунчи олами бемехри ихлос
Аз ин будан, Худоё , мурданат бех

...........................................................
Гули сури
Чун  ғунча бикун лаб во, эй гул ту гули сурӣ,
Баҳри чу мане шайдо,эй гул ту гули сурӣ.
Дар гулшану гулзорон, дар боғу чаманзорон,
Чун ту набувад пайдо, эй гул ту гули сурӣ.
Маҳ чеҳра бипушонид, кавкаб ба замин афтид,
Аз равшании симо, эй гул ту гули сурӣ.
Булбул зи наво хомуш, савсан к-у бирафт аз хуш,
Аз шеваю аз ово, эй гул ту гули сурӣ.
Чун дида гарон асти, дар сина ниҳон астӣ,
Ҷонам ба фидо бодо эй гул ту гули сурӣ.

<><><><><><><>< ><><><><><><><><><>
Аз чӣ...
Аз чӣ ҳар дам мезанӣ бар шиша санг?
Аз чӣ ҳардам дил ҳамеори ба танг?
Эй кӣ аз мо бевафоӣ пеша нест,
Аз чӣ ҳар дам мекуни бо мо ту ҷанг?
Кардаӣ берангу бебу зиндагӣ,
Аз чӣ ҳар дам менамоӣ ранг ба ранг?
Пар бизад аз сина мурғи эьтимод,
Аз чӣ ронияш ту бо тиру туфанг?
Рав бикун матрук инҷову намон
Пас бигу бе шакку тардиду диранг.!
Он касе к-у аз хирад бегона аст,
Пеши у фарқе набошад баргу нанг.!

<><><><><><><><><><><><><><><><> 
Ман аз танҳову танҳоӣ,наметарсам, наметарсам,
Ман аз ин гуна раҳпоӣ, наметарсам, наметарсам.
Чаро тарсам зи танҳоӣ, ки танҳоӣ маро ёр аст,
Ман аз бо ёр худсозӣ, наметарсам, наметарсам.
Ҳазорон моҳ шуд хуршед, ҳазорон ахтарон бирбуд,
Аз ин беахтару моҳӣ, наметарсам, наметарсам.
Чаро тарсам зи танҳоӣ, ки Яздон худ бувад танҳо,
Аз ин дуру парешонӣ, наметарсам, наметарсам.
Маро биме зи рафтан нест, биё наздам агар хоҳӣ,
Ки ман аз ҷонфидосозӣ, наметарсам, наметарсам.

Ҳиҷрони модар
Давлати осудагӣ домони модар будааст,
Ҳар баҳоре аз лаби хандони модар будааст.
Абр чун бусад рухи наргису ёсу настаран,
Шуртар аз оби у борони модар будааст.
Нест оҳанге, ки то бахшад фараҳ бар руҳу ҷон,
Беҳтарин савту садо, афғони модар будааст.
Дилбаре чун тарки ёре мекунад боке мабод,
Аз ҳама танҳоиҳо ҳиҷрони модар будааст.
Бо умеде аз шикебои ба раҳ дузад нигоҳ,
Мунтазир доим ба раҳ чашмони модар будааст…

Maн аз ту ёд мекунам
Чи дар аён чи дар ниҳон, ман аз ту ёд мекунам.
Чи дар баҳору хам хазон, ман аз ту ёд мекунам.
Чи гуна метавонамат туро барам зи ёдҳо,
Миёни ғайру дустон, ман аз ту ёд мекунам.
Агар зи ман чудо шави, чудо зи ёдхо шави,
В-агар рави ба Каҳкашон,ман аз ту ёд мекунам.
Маро дигар рахо макун,зи ишки худ чудо макун,
Марав, биё, бишин, бимон,ман аз ту ёд мекунам.
Бидуни буданат маро ҳавои будане мабод,
Ту ай маро ба тан чу чон, ман аз ту ёд мекунам.
Дар ин чаҳони бодхо, ғаму сутуҳу ёдҳо,
Алайҳи чумла ину он, ман аз ту ёд мекунам.
Дар ин замонаи навин, ту умри ишкро бубин!,
Ба ишку меҳри човидон, ман аз ту ёд мекунам.
Туи набуду буди ман,таронаву суруди ман,
То он нафас, ки ҳаст чон, ман аз ту ёд мекунам.

Вабои аср

Ин вабои аср гуи чун камон,
Мекашонад иддаеро бенишон.
Ахли инсони зи беномусихо,
Бурда гоми хеш суи ломакон.

Иддае аз маьнавият дур шуд,
Дидаи ахлок хам бенур шуд.
Умри инсони бубин аз ин вабо,
Бо фасоду фиску дахшат чур шуд.

Иддае аз ин бало гум карда рох,
Иддаеро зиндагони шуд табох,
Дур шуд инсоният аз хештан,
Аз чунин гумгаштахо ё раб панох.

Эй чавони хуфтадил бедор шав,
Масти дунёи хавас, хушёр шав.
Андар ин дунёи фиску фосики
Бомухаббат , бохирад боор шав.


То кай?
Ин дидаи интизор то кай?
Танхоии бешумор то кай?
Шабхо хама шаб ба ёди чонон,
Ин синаву дил фигор то кай?
Резем зи дида ашки хунин,
Дар фуркати он нигор , то кай?
Хушкем чу баргхои поиз,
Дар орзуи бахор то кай?
Бехуда зани санги чафоро,
Бар ошики бекарор, то кай?
Ин оташи гам бисухт чонам,
Хамчун гули догдор, то кай?
Соки, бидех, он шароби гулгун,
Бар дил гами бешумор то кай?

Газал
Яктои замонию туи вохиди даврон
Чун мардумаки дида кунам аз ту нигахбон
Ангушти тааччуб хамаро суи дахон аст
Аз  сарви каду чехраи чун мох фурузон.
Ояд ба хичолат чу бубинад назаратро
Хам чашмаи симобу хам он румии хандон.
Бо гамзаю бо тири нигох ай гули сури,
Якбора намуди хамаро бедилу имон.
Пеш ову намо хадяе аз он лаби лаьлат
То ин,ки бароят бикунам чонама курбон.
Лоиктаре чун Фориги пайдо макуни хеч,
Зеро бувад у бедилу дилдодаи даврон.

Нукта гуям аз нигори хештан
Инчунин лаб мекушоям аз сухан.
Ёрам аз зеборухoн бошад шакил
Моху хуршеданд харду мунфаил.
Чун шаби дайчур зулфаш сипсиёх,
Пурраву комил руяш хамчу мох.
Коматаш боло бувад монанди сарв,
Хую рафтораш бувад хамчун тазарв.
Дидагонаш сипсиёху муддавар,
Абрувонаш мулхаку хам сарбасар.
Чумла рогиб гашта бар овози у,
Бол бишкаст тоир аз парвози у.
Аз махосину малохат комил аст,
Аз чамолаш чумла одам бедил аст.
Вомиконаш бешумору вофиранд,
Аз барои чон кашидан хозиранд.
Мушкиле чун пеш ояд собир аст,
Зиндаги гар даст ёзад, шокир аст.
Хома дар таьрифи ин сохибчамол,
Бин чи сон гардида аст хомушу лол!.

Овораанд мардум

Дар куи зиндагони овораанд мардум,
Аз бахри бурда ноне, бечораанд мардум.
Гардида дилшикаста аз дасти ин замона,
Афтону зору гирён, майхораанд мардум.
Дар кучахо гадоён гардидаанд афзун,
Бо тифли зору гирён,дилпораанд мардум.
З-ин бенавои бархе номуси худ рахонад,
Бас андар ин замона, бекораанд мардум.
Дар мулки Рус имруз, гардида барда точик,
З-ин хичрату гариби, безораанд мардум.
Парвои бенаво кун, ай кавми айшу ишрат,
Бар чайби ту хамеша , назораанд мардум.
Ё раб, тараххуме кун бар холи мустамандон,
Чун андарин замона , бекораанд мардум.


Писари русто

Ман бачаи парваридаи дех,
Бо бурдаи нони кок серам,
Аз чумлаи мушкилоти айём,
Боке набувад, мисоли шерам.

Бас обилахои бешуморе,
Бишукуфт агарчи дар дили по,
Чун зодаи хоки рустоям,
Моил бувадо дилам ба сахро.

Бо кишту дарав чу умр бигзашт,
Шодам  хама аз гузашти айём,
Он к-у набувад карини мехнат,
Сармозада гуарест,ки хом

Махви чумла рахбарон бояд намуд,
Инкилобе дар чахон бояд намуд.
З-ин ситамкорон хама дилхастаем,
Чорае бар ину он бояд намуд.
Дастранчи мо бувад моли раис,
Гила аз дасти калон бояд намуд.
То кай охир аз барои симу зар,
Пойбуси рахбарон бояд намуд?!
Кухнаву фарсуда шуд дунёи мо,
Тархи нав андар миён бояд намуд.
То бувад адлу хакикат пойдор,
Шуру исён дар чахон бояд намуд.
Эй, ки дар шохона айшу ишрати,
Шукрхо аз дехкон бояд намуд.
Ман чи гуям аз фиреби иддае,
То ба кай онро нихон бояд намуд?
Мучиби кашоки аз симу зар аст,
Ёри бар бечорагон бояд намуд.
Бими мо аз душману агёр нест,
Пурдили аз дустон бояд намуд.
Чун набошад ихтиёри мо ба каф,
Чумлаги бар зиндон бояд намуд!
Аз нигориш хаста шд дасти калам,
Навбати он бар забон бояд намуд.
Фориги, чахде намо, дар рохи хак,
Кухна одамро чавон бояд намуд.!


Чаро боре наои чун насиме,
Бубини холи зору хастаи ман,
Бубанди чумла дархои равуо,
Кушои то дари гамбастаи ман.

Чу рузе бе ту хастам, рузи ман нест,
Ки месозад хаёламро парешон,
Ки бини кулбаи бахту умедам,
Шуда байтулхазан аз доги хичрон.

Кунун дар хилвати шабхои торик,
Ба як-як ахтарон меоварам ру,
Кучо шуд ахтари бахти ману ту?
Занад аз дури дури дур су-су.

Туву бедорихои зиндагони,
Ману ин ахтару шабхои махтоб,
Туву файзу шукухи навчавони,
Ману ин дил, ки хар дам мешавад об.

Кунун дар кулбаи махзуну торик,
Бувад хар шаб маро махтоб хамдам,
Галат кардам,ки хар шаб нест махтоб,
Ягона мунису ёрам бувад гам.

Ман аз худ мерахам як руз то ту,
Ту аз худ мерахи як руз то ман.
Ман он як ошике -Фирдавс номам,
Ки мемони тамоми умр бо ман.


Чун набошад ишк , калби отифа,
Сард гардад чун гуруби офтоб.
Одами кунче нишаста гушагир,
Зиндагони мешавад бар у хароб.

Чун набошад ишк, чоми зиндаги,
Мешавад лабрези нафрину алам
Абри бадбахти бирезад ашкхо,
Бар сари мавчудхои ташнагам.

Чун набошад ишк, шохи ховарон,
Дар замири осмон гум мешавад,
Кучахои зиндагони  то абад,
Холи аз хай-хои мардум мешавад.

Байзаи заррини тобон аст ишк,
Бачаи хунини хичрон аст ишк,
З-ин хаёти як ду рузи одами,
Хадяи волои  инсон аст ишк.

 ............................................


Эй вой ману даврон!

Донишчу шуд овора
Аз хотири як пора
Аз гиряи бечора
Эй вой ману даврон

Донишчуи бедониш
Аз хотири як санчиш
Дорад ба забон хохиш
Эй вой ману даврон

Устоду профессор
Дорад талаби асъор
Донишчу дихад ночор
Эй вой ману даврон

Донишчуи дипломдор
Имруз бичуяд кор
Дар кучаву дар бозор
Эй вой ману даврон

Хар кас шуда устоде
З-ин ру хама кас шоде
Афсус ки барбоде
Эй вой ману даврон

Нисбат ба дигар кишвар
Дороии мо бештар
Мо мехтару мо бехтар!
Эй вой ману даврон

На тартибу на конун
На дохилу на берун
На мантику на мазмун
Эй вой ману даврон

Харчанд ки мехонем
Як нукта намедонем
Борон наву навдонем
Эй вой ману даврон

Панчум ки шудем аз мо
Касро набувад парво
Ин "конун"-и Донишгох
Эй вой ману даврон

Оянда-чавононем
Шармандаи давронем
Гунгу кару куронем
Эй вой ману даврон

Донишчуи донишхар
Бо русиву бо доллар
Кораш хама симу зар
Эй вой ману даврон

Маршуткаву автобус
Якбора шуд осмонбус
Донишчу хурад афсус,
Эй вой ману даврон

Газ неву чарог хомуш
Чун манзилакони муш
Гах бехуду гах бехуш
Эй вой ману даврон

Чун пахта ки хаст тилло
Н-ояд дираме бар мо
Мо бехабар аз савдо
Эй вой ману даврон

Аз пахтачини мардум
Шуд з-оши палав махрум
Танхо ролтону гандум
Эй вой ману даврон

Буйи бади бошишгох
Бехуш кунад моро
Донишчу бигуяд ох!!
Эй вой ману даврон

Аз хотири як ЭНБЕ
Касро набувад фарке
Охир бишавад "пул те!"
Эй вой ману даврон

Аз омадани ректор
Каблан бидиханд хушдор
Охир магар ин шуд кор
Эй вой ману даврон

Аз хонаи "как" яхдон
Хобам набарад осон
Шаб то ба сахар "газчон"
Эй вой ману даврон

На барки сиях дорем
На газ ки ба он зорем
Пас мо ба ки даркорем?
Эй вой ману даврон

Аз нарху навои нор
Аз киматии бозор
Аз зиндагии душвор
Эй вой ману даврон


Аз сардии манзилхо
Бешавкатии дилхо
Беобиву мушкилхо
Эй вой ману даврон

Сангтуда чу шуд огоз
Бикшод дари парвоз
Бебарки биомад боз
Эй вой ману даврон

Точикгази бемоя
Шуд толиби хамсоя
"УЗГАЗ"-ой бигуфт "доля!"
Эй вой ману даврон

Аз Нораку аз Рогун
Хастем хама дилхун
Эй шамъ машав хайрун
Эй вой ману даврон

Аз дасти чунин сарди
Кисме бишуданд банди
Ё раб ту чи ко карди?
Эй вой ману даврон

Хуршеди мунир боз о
Дар чониби мо кун во
Охир бишунав ин ох!
Эй вой ману даврон

З-ин зиндагии вазнин
Мо оханину сангин
Хам собиру ботамкин
Эй вой ману даврон
 

Соат ва санад бо вакти Хучанд